logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози корҳои сохтмони нақб дар масири роҳи оҳани Ваҳдат - Ёвон, 15 майи соли 2015

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирин ва меҳмонони гиромӣ!
Боиси ифтихору хушҳолист, ки дар доираи нақшаҳои бузургу созандаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати суръат бахшидан ба рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ дар қатори дигар лоиҳаҳои муҳим бунёди роҳи оҳани Душанбе - Ёвон торафт вусъат ёфта истодааст.  Зеро рушди устувори иқтисодиётро бе ташкили инфрасохтори коммуникатсионии замонавӣ таъмин намудан ғайриимкон аст.
Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи бунёди роҳҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, то имрӯз ҷиҳати расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ - раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ лоиҳаҳои зиёди инфрасохториву ислоҳотиро амалӣ гардонид. Татбиқи пурраи ҳадафи зикршуда барои кишвари мо аҳамияти аввалиндараҷа дошта, дар солҳои оянда низ ҳамчун самти муҳиму афзалиятнок боқӣ хоҳад монд.
Тавре дар Паёми имсолаи худ таъкид намуда будам, танҳо дар панҷ соли охир барои рушди инфрасохтори кишвар 5 миллиард сомонӣ, аз ҷумла соли 2014 зиёда аз як миллиард сомонӣ равона гардида, дар се соли оянда ҷудо намудани беш аз 3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Бори дигар таъкид месозам, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ҳамаи захираву имкониятҳоро равона карда истодааст. Ман ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлолият изҳор карда будам, ки мо бояд бо чӣ роҳу воситае набошад, нақбҳои бузург ва роҳҳои замонавии мошингард бунёд карда, мамлакатро ба як қаламрави воҳид табдил диҳем ва робитаҳои нақлиётии кишварро бо мамолики дуру наздик таъмин намоем.
Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар бахши инфрасохтор, агар аз як ҷиҳат барои аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтани мамлакат, пайвастан ба шоҳроҳу бандарҳои азими ҷаҳонӣ ва ҳаракати муназзами нақлиёти автомобилӣ миёни ҳамаи манотиқи мамлакатамон дар тамоми фаслҳои сол мусоидат намояд, аз тарафи дигар, ба рафтуомади озоду бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар имконияти беҳтарин фароҳам меорад. Ҳамаи имконоти зикршуда, аз ҷумла истифодаи имкониятҳои транзитии Тоҷикистон, яъне пайвастани шоҳроҳҳои минтақа дар навбати худ ба рушди минбаъдаи иқтисоди миллии мо такони ҷиддӣ мебахшад.
Азбаски роҳи оҳан дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди мамлакат нақши бисёр муҳим дошта, қисми зиёди боркашониву мусофирбариро иҷро мекунад, Ҳукумати мамлакат ба масъалаи пешрафти ин соҳа диққати махсус медиҳад ва барномаву нақшаҳои гуногунмуҳлати рушди соҳаи роҳи оҳанро амалӣ мегардонад. Алҳол, аз лиҳози мавқеи ҷойгиршавии ҷуғрофӣ роҳи оҳани Тоҷикистон аз се қитъа иборат мебошад, вале ин қитъаҳо аз ҳамдигар ҷудо буда, танҳо баъди убури ҳудуди кишварҳои ҳамсоя бо ҳамдигар пайваст мешаванд, ки чунин ҳолат душвориҳои зиёдеро пеш меорад.
Дар сурати ба кор оғоз намудани қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат - Ёвон, ки мо имрӯз ба бунёди нақбҳои он шурӯъ намудем, барои корҳои бору мусофиркашонӣ аз марказ ба ҷануби мамлакат имконияти беҳтарин муҳайё гардида, масофаи роҳ хеле кӯтоҳ мешавад. Дар ҳолати оғози рафтуомади қатораҳои байнишаҳрии Душанбе – Ваҳдат – Қӯрғонтеппа – Кӯлоб робитаи ду минтақаи калони кишвар дар тамоми сол таъмин гардида, равуои сокинони мамлакат хеле осону бемамониат ва нархи роҳкирову интиқоли маҳсулот ба маротиб арзон мешавад.
Мувофиқи лоиҳа арзиши сохтмони хати роҳи мазкур беш аз 800 миллион сомониро ташкил дода, 40,7 километрро дар бар мегирад. Барои сохтмони роҳ 3755 метр нақб, 8 пул ба дарозии умумии 764 метр ва даҳҳо иншооти дигар бунёд карда мешавад. Сохтмони қитъаи Ваҳдат - Ёвон дар масири роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа, ки бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон моҳи марти соли 2009 оғоз ёфтааст, мувофиқи нақша бояд дар соли 2017 ба анҷом расонида шавад. Бинобар ин, ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Вазорати нақлиёт, Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, дигар вазорату идораҳо ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки корҳои сохтмони роҳи оҳанро ҳарчи бештар суръат бахшида, дар муҳлати муқарраршуда ва бо сифати баланд ба истифода супоридани онро таъмин намоянд.
Дӯстони азиз!
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҳоло барои сохтмони се нақб ва панҷ пули қаторагард Ширкати 19-уми сохтмони роҳи оҳани Хитой ҷалб гардидааст, ки имрӯз намояндагони он ҳамроҳи мо ҳузур доранд ва бо истифода аз фурсат, бори дигар таъкид месозам, ки барои дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонидани боз як лоиҳаи ҳамкорӣ миёни ду кишвари дӯсту ҳамсоя аз ҳамаи захираву имкониятҳо самаранок истифода карда шавад. То имрӯз барои иҷрои корҳои азнавсозии қитъаҳои Роҳатӣ – Ваҳдат - Элок ва Қӯрғонтеппа - Ёвон 294 миллион сомонӣ равона карда шудаст. Дар сохтмони мазкур алҳол 382 нафар мутахассисону коргарон фаъолият доранд. Бо оғози корҳои нақбканӣ ва сохтмони пулҳо боз садҳо ҷойи кори иловагӣ муҳайё хоҳанд шуд.
Бояд гуфт, ки роҳи оҳани кишвари соҳибистиқлоламон, аз ҷумлаи соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллии мо буда, саҳми он дар таҳкими имкониятҳои иқтисодии давлатамон торафт афзуда истодааст. Ба ибораи дигар, пешравии тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ба тараққиёти соҳаи роҳсозӣ, махсусан роҳи оҳан, бевосита алоқаманд аст. Умуман, рушди ҳамаҷонибаи ягон кишварро бидуни рушди инфрасохтори коммуникатсионӣ, дар навбати аввал, роҳҳои мошингард ва оҳан, таъмин намудан аз имкон берун аст. Яъне роҳҳои оҳан ва мошингард яке аз шартҳои муҳимтарини пешрафт мебошанд.
Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат пайваста саъю талош дорад, ки имкониятҳои роҳи оҳан ҳарчи бештар таҳкиму тақвият бахшида шаванд. Ба туфайли иншооти имрӯза дар баробари мутахассисони хитоӣ садҳо нафар коргарону мутахассисони ватанӣ ба кор ҷалб шуда, соҳиби таҷрибаву малакаи баланди роҳсозӣ хоҳанд гардид.
Муҳимтар аз ҳама, бунёди роҳи оҳан ҷойҳои нави корӣ барои сокинон, имконияти рушди саноат, умуман ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ғанӣ гардидани буҷети давлат ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Самаранокии иқтисодии истифодабарии хати роҳи оҳани ҳозира хеле зиёд буда, хароҷоти сохтмони он дар давоми як муддати кӯтоҳ пӯшонида мешавад.
Хати нави роҳи оҳан имкон медиҳад, ки кишоварзони вилояти Хатлон маҳсулоташонро тавассути роҳи оҳан, ки аз дигар намудҳои нақлиёт дастрасу арзонтар аст, мунтазам ба бозорҳои маркази кишвар ва берун аз он бароранду кору рӯзгорашонро беҳтар намоянд.
Бовар дорам, ки нақбу пулҳои дар лоиҳаи бунёди қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон пешбинигардида дар муҳлатҳои муқарраршуда бунёд гардида, мисли дигар иқдомоти неку созанда ба рушди минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва боз ҳам беҳтар шудани вазъи зиндагии мардуми кишвар мусоидат мекунанд.
Дар фарҷоми сухан ба ҳамаи шумо – мутахассисону роҳсозони диловари тоҷик, инчунин ба сармоягузорону мутахассисони ҳамсоякишвари бузурги мо – Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бунёди муваффақонаи роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа барору комёбӣ орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.05.2015    №: 102    Мутолиа карданд: 1690
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед