logo

мулоқотҳо

ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ДАР МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДӢ

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 18 май Сиаою Жао - ноиби Президенти Бонки давлатии рушди Чинро ба ҳузур пазируфт. Рушди минбаъдаи ҳамкории судбахши Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи молиявии Чин дар меҳвари суҳбат қарор гирифтааст.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти Президенти мамлакат, зимни мулоқот Сарвари давлат ба ҷониби Чин барои дастгириҳои пайваста аз рушди иҷтимоию иқтисодии кишвари мо арзи сипос карда, изҳори бовар намудааст, ки минбаъд ҳамкории дуҷониба боз ҳам густариш хоҳад ёфт. Манбаъ зикр месозад, ки «Дар атрофи лоиҳаи барномаи нави ҳамкории Тоҷикистону Бонки давлатии рушди Чин, ки дар ҳоли таҳияшавӣ қарор дорад, гуфтугӯи судманд сурат гирифт. Чунонки зикр гардид, бо қабул шудани ин барнома ҷанбаҳо ва ҳаҷми маблағҳои барои густариши ҳамкорӣ пешбинишаванда хеле афзун хоҳад шуд».
Сиаою Жао, ноиби Президенти Бонки давлатии рушди Чин, ки пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳузури хабарнигорон суҳбат намуд, аз рушди мунтазами иқтисодии кишвар истиқбол кард. Ӯ гуфт, ки новобаста аз вазъи кунунии ҷаҳон ва таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди кишварҳо, дар Тоҷикистон пешрафтҳои назарраси иқтисодиро ба мушоҳида гирифтааст. Сиаою Жао итминон дод, ки Бонки давлатии рушди Чин омода аст, дар оянда ҷиҳати таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши иқтисодӣ, бонкҳо ва соҳибкорони кишвар робитаи наздиктар ба роҳ монад.
- Тавре шумо медонед, Бонки давлатии рушди Чин имрӯз яке аз бонкҳои пешқадам дар ҷаҳон аст ва ба кишварҳои гуногуни дунё беш аз 300 миллиард доллари амрикоӣ қарз ҷудо намудааст. Мо ба манзури рушди иқтисоди Тоҷикистон иҷрои тарҳҳои вижаеро дар назар дорем ва умедворам дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор барномаҳои хешро муваффақона анҷом медиҳем,- иброз намуд Сиаою Жао. 
Бар пояи гузориши Хадамоти матбуоти Президенти ҷумҳурӣ, ҳамкории Тоҷикистон бо ин бонк, асосан аз соли 2009 дар чаҳорчӯби муносиботи дуҷониба ва ҳам дар доираи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай оғоз ёфтааст. Тайи ин солҳо санадҳои зиёд барои ҷудо намудани қариб 100 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, асосан барои дастгирии бахши хусусӣ ва соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон ба имзо расидааст.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.05.2015    №: 104    Мутолиа карданд: 1486
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед