logo

маориф

ИҚДОМИ ШОИСТАИ РАИСИ ШАҲР

Солҳост, ки пулситонӣ аз хонандагон дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе як амали нонавиштае шудааст. Аз ин «маърака», ки аз оғози таҳсил то интиҳои он идома меёбад, ғайр аз чанд хонандаи ятиму камбизоат дигар ҳама маблағи пешбинишударо бояд супоранд. Синфҳо табақабандӣ шуда, пардохти маблағ аз ҷониби мудирони дабистонҳо аз 20 то 50 – 60 сомонӣ муайян гардидааст. Ҳоло ин оғози кор аст. Ғайр аз ин ороиши синф бо пардаю либосовезаку гулу гулдону ҳаққи фаррошу посбонҳо ва ҳақу ҳуқуқҳои дигар низ бар зиммаи волидайни хонандаҳост. Яъне волидайн аз мактаб гӯиё қарздоранд ва бояд онро ҳар моҳ пардохт намоянд. Акнун тасаввур кунед, ки хонавода ду-се ва ё аз ин зиёд мактабхон дорад. Агар волидайн соҳибкор, бозоршин ва ё маошу даромади хуб дошта бошад, дарди бахайр аст. Агар не, чӣ кор кунад? Хулоса маблағҳои ҷамъугиршуда ба дасти сарвари мактаб мерасад ва ҳақ ба ҳақдор расидагӣ барин касе истифодаи мақсадноки онро пайгирӣ наменамояд. Пайгирӣ ҳам намоӣ, чизеро исбот карда наметавонӣ. Чунки на рӯйхат ҳасту на имзои волидон. Солҳост, ки ин ришваситонӣ чун оина рушан аст, аммо сохтори давлатие барои аз байн бурдани он чорае намеандешад. Ҳама даст болои даст интизори амру фармонеанд, ки шояд аз болои дастуре содир гардад. Муддатҳост, ки волидон аз ин амали носавоб дар мактабҳо шикваю норозигӣ доранд, аммо масъулони соҳа онро инкор мекунанд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, оқибати ин мушкилоти сардаргиреҳу сардаргумро эҳсос намуда, 18 апрели соли равон дар маросими бахшида ба «Рӯзи пойтахт» дар Муассисаи давлатии «Душанбе – Плаза» ба ҳозирин гуфт: «То вақте дар вазифа ҳастаму зинда ҳастам, Худо насиб накунад, оянда надорад он роҳбари мактабе, ки аз хонандагон пул меситонад. Ҳатто аз мактаби таърифии рақами як сар карда. Ҳоли ҳозир омӯзгорони пойтахт ҳадди ақал 800 – 1000 сомонӣ маош мегиранд, ки агарчи зиёд ҳам нест, аммо бад ҳам нест. Дигаргунии эволютсионӣ дар мафкураи ҳар як сокини пойтахт бояд ҷой дошта бошад. Мардум, ки аз мо хизматҳои сифатнокро интизоранд, Худо насиб гардонад, иҷро мекунем».
Ин иқдому таъкиди қатъии раиси шаҳр табъи дили волидони хонандаҳо шуд. Агар иҷроиши он ҷиддан сурат гирад, ҳар хонадони пойтахт аз як мушкилӣ раҳо шуда, асабашон оромиш меёбад. Дигар нидои фарзандон, ки: «муаллим гуфт пули мактаба биёр» дар гӯшҳояш чун хор намехалад. Албатта, дар ин миён маззахӯракшудаҳо як муддат «сардард» мешаванд, вале ин дард муваққатист, мегузарад.
Ришва то имрӯз ба маънои куллаш касеро хушбахт накардааст. Карда бошад ҳам муваққатан. Аммо аз меҳнати худ пули ҳалол ба каф овардан чизи дигар аст. Аз касе қарздору муттаҳам нестиву хобат бароҳат аст, виҷдонат ҳам азоб намедиҳад. Хоса барои омӯзгор, ки вазифаи касбиаш нуру зиё бахшидани кошонаи тори маърифати шогирдон аст. Омӯзгор бояд таҷассумгари кулли хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва барои шогирдон намунаи ибрат, пайравию ифтихор бошад.
Худо кунад, чунин бошад ва пулситонӣ на танҳо дар пойтахти мамлакат, балки дар кулли мактаби ҷумҳурӣ дар ҳар шакли будааш аз беху бунёдаш решакан гардад.

У. МУРОД,«Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.05.2015    №: 108    Мутолиа карданд: 1578
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед