logo

мулоқотҳо

ИВАНОВО ҲАМКОРИҲОЯШРО БО ХАТЛОН ТАВСЕА МЕБАХШАД

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 май Павел Конков, губернатори вилояти Ивановои Федератсияи Русияро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия, бахусус робитаҳои байниминтақаии ду кишвар баррасӣ шуд. Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни вохӯрӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз муҳтавои муносиботи Тоҷикистону Русия изҳори қаноат карда, аз ҷумла зикр намудааст, ки «Федератсияи Русия шарики асосии сармоягузори Тоҷикистон буду ҳаст, зеро айни ҳол наздики 50 дарсади сармоягузории мустақими хориҷӣ ба иқтисоди кишвар ба ин шарики стратегии мо рост меояд».
Ҷонибҳо ба дурнамои ҳамкориҳои вилоятҳои Суғду Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ивановои Русия изҳори хушбинӣ намуда, тавсеаи равобит дар бахшҳои гуногунро ба манфиати тарафҳо донистанд. Дар ҳамин ҳол, ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, сохтмон, технологияҳои муосир, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, назири пахта, меваю сабзавот таваҷҷуҳ зоҳир гардида, перомуни муташаккилона ба роҳ мондани фаъолияти муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо низ гуфтугӯи судманд сурат гирифтааст.
Павел Конков, губернатори вилояти Иваново, баъд аз мулоқот бо Президенти мамлакат бо тасдиқи ин нуктаҳо дар ҷамъи хабарнигорон изҳор дошт, ки феълан мо рӯи барномаҳое тафаққуф дорем, ки заминаҳои нави ҳамкориро фароҳам хоҳанд кард. Ӯ гуфт, ки вилояти Ивановои Федератсияи Русия ҳамчун минтақаи саноатӣ, бахусус истеҳсолгари маҳсулоти нассоҷӣ бо минтақаҳои Тоҷикистон собиқаи тӯлонии ҳамкорӣ дорад ва тавсеаи равобит дар ҳама бахшҳо ба манфиати кор хоҳад буд.
- Вилояти Иваново 70 дарсади эҳтиёҷоти Русияро бо молҳои нассоҷӣ бароварда месозад, ки дар ин замина мо аз пахтаи  Тоҷикистону Қирғизистон истифода мекунем. Мо ҳавасманди густариши ҳамкориҳои минтақаӣ ҳастем. Ба ин манзур созишномаи вижаи ҳамкорӣ бо вилояти Хатлон ба тасвиб расонда, қарор аст, бо вилояти Суғд низ чунин як созишнома ба имзо расад, - гуфт Павел Конков.
Губернатори вилояти Иваново дар мулоқот бо Сарвари давлати Тоҷикистон, ҳамчунин хостори вусъати ҳамкориҳои бештар дар бахши илму фарҳанг шудааст. Тавре ӯ иттилоъ дод, дар вилояти Иваново 6 муассисаи таҳсилоти олӣ амал карда, беш аз 400 донишҷӯи тоҷик низ дар онҳо таҳсил мекунанд ва имкон дорад, ки ин шумора дар оянда афзунтар гардад.
Густариши равобит бо вилояти Иваново дар ҳолест, ки то кунун миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Русия беш аз 70 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.05.2015    №: 108    Мутолиа карданд: 1364
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед