logo

энергетика

ЛОИҲАИ «ТАҶДИДИ НБО-И ҚАЙРОҚҚУМ» БАРАНДАИ ҶОИЗА ШУД

Таҷдиди иншооти энергетикӣ аз масъалаҳои муҳими сатҳи байналмилалист. Дар ин бобат аз ҷониби институтҳои байналимилалии маблағгузорӣ ҳар сол лоиҳаҳои зиёде пешниҳод ва амалӣ мегарданд.

Дар доираи бизнес - форуми Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, ки 13 - 15 май соли 2015 дар шаҳри Тибилисии Гурҷистон баргузор гардид, маросими супоридани мукофотҳо ба беҳтарин лоиҳаҳои Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар номинатсияҳои гуногун ташкил карда шуд.
Бо  ифтихор  бояд  зикр  намуд, ки Лоиҳаи «Таҷдиди НБО-и Қайроққум» ҳамчун «лоиҳаи беҳтарин дар мувофиқкунонӣ  ба  тағйирёбии иқлим  барандаи ҷоиза гардид.
Лоиҳаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Хазинаи стратегии иқлим, зерҳисоби Хазинаи сармоягузории иқлим, Хазинаи махсус оид ба барномаи пилотии баланд бардоштани устуворӣ нисбат ба тағйирёбии иқлим маблағгузорӣ мегардад.
Дар лоиҳаи “Таҷдиди НБО-и “Қайроққум” усулҳои муосири инно-ватсионӣ, ки тағйирёбии иқлимро дар лоиҳакашии сармоягузорӣ ба инобат мегиранд, истифода шудааст. Коршиносони ба лоиҳа ҷалбшуда дурнамои фаъолияти обанборро дар ҳолатҳои гуногуни эҳтимолии тағйирёбии иқлим ҳисоб намуданд, ки он барои интихоби тарзи мувофиқи лоиҳакашии таҷдиди неругоҳ дар ҳама диапазони эҳтимолии тағйирёбии иқлим мусоидат намуд.
Таъсири ин лоиҳа аз доираи таҷдиди як неругоҳи барқи обӣ берун мебарояд. Зеро усули асосии пешбинӣ гардидани масъалаҳои тағйирёбии иқлим дар лоиҳакашии сармоягузорӣ ба устувории Неругоҳи барқи обии Қайроққум дар тағйирёбии иқлим ва таъмини қувваи барқ барои маҳалҳои аҳолинишини қисми шимолии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Менеҷерони «Барқи Тоҷик» маълумоти заруриро барои муайян намудани хатари тағйирёбии иқлим ба гидроэнергетика ва тартиби бартараф кардани онҳоро меомӯзанд. Ҷамъ овардани маълумоти мазкур ва истифодаи онҳо дар фаъолияти корӣ барои беҳтар намудани фаъолияти неругоҳ, истеҳсоли неруи барқ, беҳтар намудани бехатарии садд кумак ва дар татбиқи таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ дар ин соҳа мусоидат менамояд. Лоиҳаи мазкур пилотӣ буда, хулоса ва таҷрибаи он барои истифода дар иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон ва гузоштани заминаи боэътимод ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар оянда кумак мекунад.
Мукофотро аз номи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» менеҷери генералии лоиҳаи “Кам намудани талафоти неру” Саидмумин Саидов, ки масъули татбиқи Лоиҳаи “Таҷдиди НБО-и Қайроққум” мебошад ва директори Неругоҳи барқи обии Қайроққум  Файзулло Авезов (дар расм дар байн) қабул намуданд.
Нозир ЁДГОРӢ
сардори Хадамоти матбуоти ШСХК “Барқи Тоҷик”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2015    №: 111    Мутолиа карданд: 14337
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед