logo

порлумон

ИСТЕҲСОЛИ ВАРАҚАҲОИ ГАЧКАРТОН БА РОҲ МОНДА МЕШАВАД

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, гузашт, ба се қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.

Меҳринамо Ҷонмаҳмадова, муовини вазири молия, зимни ба тасвиб расидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» иброз дошт, ки 12 ноябри соли гузашта Президенти мамлакат дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон ба сохтмони корхонаи истеҳсоли варақаҳои гачкартонӣ санги асос гузошт.
Бо қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардид.
Назар ба гуфтаи мавсуф, мувофиқи лоиҳа озод намудани воридоти таҷҳизот, технология ва маҳсулоти сохтмонии ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр индастрал» аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ пешбинӣ шудааст. Ҷамъият тасмим гирифтааст, ки дар ноҳияи Ёвон Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гачкартонӣ ва ғурагачро бо сармоягузории 130 миллион сомонӣ дар муддати якуним - ду сол бунёд намояд.
Муовини вазир зикр кард, ки аз рӯи маълумоти ҷойдошта ҷамъият бояд дар моҳи июли соли ҷорӣ навбати аввали корхонаро бо иқтидори истеҳсолии 10 ҳазор дона варақаи гачкартон дар як шабонарӯз ба кор дарорад. Бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардани 350 нафар дар назар дошта шудааст. Маблағи умумии воридоти таҷҳизот, технология ва маҳсулоти сохтмонӣ 18 миллион доллар буда, маблағи озодшавӣ аз андоз ва боҷи гумрукӣ ба 4,3 миллион доллар мерасад.
Назар ба гуфтаи Акбар Ғуломов, директори ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр индастрал», як қисми маҳсулот ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон содир мегардад.
Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдо, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» гуфт, ки мақсад аз он аз байн бурдани мухолифати ҷойдошта бо дигар қонунҳо мебошад. Дар лоиҳаи пешниҳодшуда ба қисми 9 моддаи 10, инчунин ба қисми 21 моддаи 14 тағйирот ворид шуд.
Ҳамчунин ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои ҷумҳурӣ» илова ворид шуд.
Неъматулло Ҳикматуллозода иброз дошт, ки он ба мақсади васеъ ва мушаххас намудани ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди анҷом додани савдои наздисарҳадӣ таҳия шудааст.

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2015    №: 111    Мутолиа карданд: 2526
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед