номаҳо
БА ТАРБИЯИ АХЛОҚӢ РӮ БИЁРЕМ
Дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» мақолаи Маликазиз Музаффарзодаро бо номи «Ҷаҳонишавӣ ва генофонди миллӣ: чӣ бояд кард?» (24 апрели соли 2015)-ро мутолиа кардем. Ин мақолаи таҳлилӣ ба мо писанд афтод. Муаллиф масъаларо ба маврид ва ҳирфаӣ баррасӣ намудааст. Ҳамзамон пешниҳодҳои ҷолиб кардааст. Воқеан, тавре ӯ менависад: «Дин барои инсонҳо нуқтаи такягоҳӣ бояд бошад, на воситаи рӯзгузаронӣ барои ашхоси алоҳида. Ҳамон вақт дин нуқтаи такягоҳӣ мешавад, ки Худоро сидқан ба дил тасдиқ намуда, амалҳои солеҳро анҷом диҳед. Одам ҳамчун фарди биологӣ аз ибтидои пайдоишаш муҳтоҷи нуқтаи такягоҳӣ буд, ҳаст ва мемонад, тарбия низ аз он сарчашма мегирад».
Ба табъ расидани чунин мақолаҳои таҳлилӣ, хубу ҷолибу хонданӣ муҳаббати моро боз бештар ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» меафзояд. Аз ин рӯ, расидани ҳар шумораи онро интизор мешавем. Месазад, ки ин гуна мақолаҳоро зиёиён дар шаҳру ноҳияҳо барои мардуми одӣ пайваста мутолиа бикунанд ва бо муҳимтарин масъалаҳои рӯз, роҳҳои ҳаллашон онҳоро ошно намоянд.
Абдунаим Ҳафиззода, Одина Бароти Мирзо,
ноҳияи Мастчоҳ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.06.2015 №: 115 Мутолиа карданд: 1287