logo

туризм

САЙЁҲӢ ДАР РОМИТ РУШД НАМЕЁБАД, ЧАРО?

Дар дараи  зебоманзари  Ромит, қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор, байни дарёҳои Сардаи Миёна ва Сорбо, ки шохобҳои дарёи Кофарниҳон ҷорӣ мебошанд,  Мамнуъгоҳи   биосферии «Ромит» воқеъ аст. Он минтақаи махсус ҳифзшавандаи ҷумҳурӣ буда, мавзеъҳои миёнакӯҳ ва қисман баландкӯҳро фаро мегирад.  Мамнуъгоҳ бо мақсади нигоҳдорӣ, ҳифз ва омӯзиши олами набототу ҳайвонот, маҳдудсозии таъсирҳои антропогенӣ, гузаронидани чорабиниҳои барқарорсозии объектҳои табиӣ соли 1959 бо қарори Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон  таъсис ёфтааст. Ба  гуфтаи Мадиброн Саидов, директори Муассисаи ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҷумҳурӣ,  парваришгоҳ аз  минтақаҳои марказӣ, муҳофизатӣ ва  гузариш иборат аст. Минтақаи марказӣ зери муҳофизати қатъӣ  қарор дошта, танҳо барои ҳифзи гуногунии биологӣ, ландшафтӣ ва муҳайё намудани шароит дар  рушди биогеосенозҳо пешбинӣ гардидааст. Дар минтақаи муҳофизатӣ фаъолияти  аз назари экологӣ бехатар, аз ҷумла туризми экологиву маърифатӣ, фароғатӣ ва тадқиқоти илмӣ амалӣ гашта, дар минтақаи гузариш хоҷагидории раванди экологидошта  пеш бурда мешавад.
Дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ дар деҳаҳои Хушону Кохуи мамнуъгоҳ қалъаи посбонҳо ва  қарияи калони Шаҳидон  маълум шудаанд. Оташдонҳои оҳангудозӣ, асбобҳои  муҳофизатӣ, олоти рӯзгор ва истеҳсолии аз қалъаи Ҳисорак дарёфта ба асрҳои X – XII рост меоянд.   Баъзе ёдгориҳои таърихӣ дар деҳаи Сорбо ҷойгир буда, то ҳанӯз омӯхта нашудаанд. Дар ин ҷо шаршараи «Қайсар» ва чинори куҳани беш аз дуҳазорсола мавҷуданд. Ҳамчунин, дар дохили мамнуъгоҳ метавон  ёдгориҳои сангинро вохӯрд,  ки ба  муҷассамаҳои бузургҷуссаи Хоҷаи Ғору Чилдухтарон шабоҳат доранд. Мамнуъгоҳ  дорои осорхона мебошад, ки дар он маҷмӯи  рустаниҳои хушк  (гербарий)  нигоҳдорӣ мешаванд. Аз  400  чашмаи дохили он 54  - тоаш доимӣ фаввора мезанад.  Табиат тамоми шоҳкориҳоро дар Ромит ба вуҷуд овардааст. Насими фораму муаттар, обҳои зулол, чашмаҳои равон ва гӯшаҳои ҳанӯз дар ҳолати аввала боқимонда ба ҳар бинанда таассуроти рангин мебахшанд. Мамнуъгоҳ аз сатҳи баҳр мутаносибан 1176 ва 3195 метр баланд аст. Баҳор дар ин минтақа назар ба мавзеъҳои дигари қаторкӯҳи Ҳисор барвақттар фаро расида, табиат қабои сабз ба бар мекунад. Вале манзара дар фаслҳои тирамоҳу сармо  ҳам  назаррабост.  Ҳарорати аз ҳама баланди ҳаво дар моҳҳои июл – август 37, 38 ва декабр – январ  – 28, – 30 дараҷа мушоҳида шудааст. Дар баландкӯҳҳо қабати барф  то 100 шабонарӯз  боқӣ монда, баландии  он  ба  45 – 67  сантиметр мерасад. Гуногунии ҳарорати ҳавои парваришгоҳ барои нашъунамои олами набототи минтақа шароити хуб  фароҳам овардааст. Дар  ин мавзеъ  1503  навъи  рустаниву обсабзу замбӯруғҳо месабзанд. Заранг ва арча дарахтони асосии ҷангалзор ба шумор рафта, чормағз, бодоми талхдона, тӯс, бед, сафедор, олуча, тут, зирк, хуч низ дар минтақаҳои мухталифи он паҳн гардидаанд.  Олами ҳайвоноташ ба қисмати зоологии ҷуғрофияи  Бухорои шарқӣ мансуб буда, фарогири баъзе ҳайвоноти Тёншони ғарбӣ низ мебошад.  Дар дарёҳои он ширмоҳӣ, гулмоҳӣ ва каму беш лақамоҳӣ  ҳаст. Дар даштҳои кӯҳӣ, ҷангалзор ва баландкӯҳи мамнӯъгоҳ мори гурза, сипарсарон, саги обӣ, гург, савсани сангзор, хирси малла, рӯбоҳ, ҷайра, бузи сибирӣ, кабк, бургут, заргӯш, мурғи ҳилол, уқоби лошахӯр, мурғобӣ,  бум, говкафтар, лаклаки сафед, мурғи ҳумо ва дигар парандаву ҳайвоноти нодир маскан гирифтаанд. Хурмои қафқозӣ, ангури ҳисорӣ, чинор, ҷавғосуну холмон, дар маҷмӯъ 18 навъи паранда ва ҳамин миқдор ҳайвоноти ширхӯр ба Китоби Сурхи Тоҷикистон, инчунин эзорсурхак (Dryocopus Leucopterus) – у бабри барфӣ (Unica unica) ба Китоби Сурхи байналмилалӣ  ворид гардидаанд.
Захираҳои оби дарёҳои Сардаи Миёна ва Сорбо  имкон медиҳанд, ки шуғли  варзиши обӣ ва моҳидорӣ бо меъёри муайян роҳандозӣ шаванд.  
Тибқи Барномаи давлатии рушди ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда  соли 2014  мамнуъгоҳ ба парваришгоҳи биосферӣ табдили ном кард. Дар  назар аст, ки масоҳаташ зиёд ва дар қаламрави он минтақаи муҳофизатӣ  ташкил  гардад. Ин амал барои рушди сайёҳии экологӣ мусоидат менамояд.  Тибқи Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти рақами  797  дар бораи пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ барои воридшавӣ ба ҳудуди мамнуъгоҳ  ҳар  сайёҳ бояд 15 сомониву 45 дирам ва шаҳрвандони кишвар 10 сомонӣ супоранд. Вале, тавре мо огоҳ гаштем, ширкатҳо  худсарона бо иҷозатномаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ шумораи зиёди гардишгаронро ба ин минтақа меоранду аз пардохти маблағи муайяншуда  саркашӣ мекунанд.  Гузашта аз ин, аҳолии маҳаллӣ  қисмати поёнии мамнуъгоҳро  ба сифати чарогоҳ истифода мебарад. Буридани худсаронаи дарахту буттаҳо, ҷамъоварии  гиёҳҳои шифобахш, чормағз, дӯлона, эрозияи заминҳо ва ғайра мушкили дигар мебошанд.  Дар ин хусус Мадиброн Саидов  иброз дошт, ки бинобар  норасоии воҳиди корӣ, камии маош ва набудани пойгоҳи моддӣ – техникӣ (аслиҳа, дурбин, дастгоҳи алоқа, техника)  минтақа пурра назорат ва ҳифз намегардад. Масоҳати  мамнуъгоҳ 16100 гектар  буда, танҳо 11 бешабон дорад.   Агар ин масъалаҳо ҳалли худро наёбанд, хавфи аз байн рафтани дороиҳои табиӣ  бештар мегардад.
Ҳукумати ҷумҳурӣ бо қарори махсус таҳти рақами 358 аз 18 сентябри соли 2000 дараи Ромитро минтақаи истироҳатӣ ва сайёҳӣ эълон дошт.  Дар ду ҷониби роҳ 36 истироҳатгоҳ, 10 лагери мактабӣ, 4 боғи истироҳативу таҷрибавӣ, коргоҳҳои иктишофӣ - геологӣ, моҳипарварӣ, ошхонаи «Насими Ёс», шифохонаҳои назди чашмаи  «Зайрон» ва «Тангаӣ» ба фаъолият пардохтанд.  Абдулло Солиев, собиқ раиси Ҷамоати деҳоти “Ромит”, гуфт, ки барои барқарорсозии иншооти истироҳатии вазорату идораҳои давлатӣ ситоди корӣ амал мекард ва вобаста ба иҷрои вазифаҳо ҳар ҳафта ба ҷамоат ҳисобот манзур медошт. Ин буд, ки давоми панҷ сол қисме аз иншоот пурра таъмиру навсозӣ гардид. Бигзор чунин ситод барои таъмири   иншооти боқимонда аз нав таъсис ёбад. Зеро ҳамасола ба ин минтақаи зебову нотакрори кишвар ҳазорҳо сайёҳону меҳмонон меоянду бо худ таассуроти зиёд мебаранд.  Масофаи  роҳ аз шаҳри Душанбе  то  мамнуъгоҳ 65 - 70 км буда,  сайргоҳи ҳақиқиро мемонад, вале он ба таъмир ниёз дорад.
Ин мавзеи дилрабову нотакрор имкони васеи ҷаҳонгардии кӯҳӣ, экологӣ, маърифатӣ ва мардумшиносиву табобатиро доро мебошад, аммо  инфрасохтори сайёҳӣ дар  он рушд наёфтааст. Сабаби инро Сафарбек Саидов,  сармутахассиси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат,  норасоии кадрҳои  илмию  методӣ, рекламавию  иттилоотонӣ ва маблағгузории ками соҳа арзёбӣ намуд.  
- Барои ҷалби мунтазами гурӯҳҳои сайёҳон ба ин мавзеъ муаррифии  захираҳои ғании табиӣ тавассути сомонаи интернетиву шабакаҳои телевизионӣ, ташкили ҷойҳои махсуси  нигоҳдории лавозимоти сайёҳӣ (хайма, қаиқ, либос ва ғ.),  додани қарзҳои имтиёзнок ба субъектҳои соҳа, ҷалби  сармояи хориҷӣ ва шаклҳои дигари маблағгузорӣ аҳамияти муҳим доранд, - мегӯяд  Сафарбек Саидов.  – Дар бахши пиёдагардии кӯҳӣ, велосипедронӣ  ва обӣ  мебояд  хатсайрҳои ҷолиб тарҳрезӣ ва роҳбаладони соҳибтахассус  ҷалб шаванд. Агар барои ин мутахассисон басти корӣ ҷудо мешуд  ва истироҳатгоҳи «Искра», ки бо қарори раиси шаҳри Ваҳдат аз 19 сентябри соли 2011, таҳти  рақами 182 дар ихтиёри  бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр вогузор аст, таъмиру навсозӣ мегашт, ба мақсад мувофиқ мебуд. Зеро масоҳати умумии истироҳатгоҳи мазкур  5 гектар буда, барои  сайёҳии кӯҳӣ  пойгоҳи асосӣ  ба ҳисоб меравад.
Воқеан ҳам дар замони шӯравӣ аз минтақаи Канаски дараи Ромит то шаҳри Ваҳдат хатсайри обӣ амал мекард, айни замон бинобар набудани қаиқу мутахассис наметавонем онро аз нав  ба роҳ монем. Агар бо ёрии амалии соҳибкорону  сармоягузорон ифрасохтори ҷавобгӯй ба меъёри байналмилалӣ бунёд,  хизматрасонии сатҳи баланд муҳайё ва роҳ таъмир мегардид, дар минтақа бахши  сайёҳии дохиливу байналмилалӣ ривоҷ ёфта, суди зиёд ба даст меомад.

Шаҳнози ҚУРБОН,
“Ҷумҳурият”
Душанбе – Ромит - Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.06.2015    №: 115    Мутолиа карданд: 12080
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед