logo

маориф

МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ: 87 МЕДАЛ ДАР ЯК СОЛИ ТАҲСИЛ

Соли таҳсили ҷорӣ барои аҳли маориф ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон  самари нек овард. Теъдоди зиёди хонандагон дар олимпиадаҳои вилоятӣ сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Дар иртибот ба ин ва оид ба вазъи маорифи ноҳия бо Алишер Исоев, мудири маориф, суҳбат анҷом додем. 

- Шунидем, ки хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар олимпиадаи вилоятии имсола натиҷаҳои назаррасро ноил гардиданд..
- Бале, дар ҷамъбасти олимпиадаҳои вилоятӣ хонандагон 10 медали тилло, 45 медали нуқра ва биринҷӣ ба даст оварда, 7 нафар барои иштирок дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Соли гузашта дар олимпиадаҳои вилоятӣ ноҳия 55 медал ба даст оварда буд ва  3 хонанда барои иштирок дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ соҳиби роҳхат шуд.  Соли  ҷорӣ бошад, теъдоди медалҳо ба 87 адад расид.  Шаҳло Самеъзода, Шарафҷон Муъминов, Сорбон Гадоев - хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 4 ва 11, аз фанҳои адабиёти тоҷик, алгебра ва физика холҳои баландро ноил шуданд.
- Феълан дар  ноҳия 50 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дорад, ки 28 861 хонанда ба таълим фаро гирифта шудааст. Дар ноҳия маҳаллаҳои навбунёд зиёд шудаанд, аммо масъалаи фарогирии хонандагон ба мактабҳои нав низ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия қарор дорад. Ҳамчунин дар ноҳия ҳамагӣ ду муассисаи томактабӣ фаъолият дорад, ки 240 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудааст. Тибқи дурнамо теъдоди муассисаҳои мазкур зиёд хоҳад шуд. Соли гузашта тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илм 86 хатмкардаи мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ ба кор омаданд. Омӯзгорони ҷавонро дар ҷойи зист ё наздик ба ҷойи зист бо кор таъмин намудем. Омӯзгорони синнашон ба нафақа расида хазинаи хуби педагогӣ ҳастанд. Мо аз таҷрибаи онҳо истифода менамоем.

- Соли ҷорӣ муҳлати «Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ барои солҳои 2010 - 2015» ба охир мерасад. Иҷро ва натиҷаи барнома дар маорифи ноҳия дар кадом сатҳ қарор дорад?
-  Мо  дурнаморо иҷро кардем. Моҳҳое, ки дар кишвар маҳдудияти неруи барқ буд, дар мактабҳо дарси компютерӣ гузаронда мешуд. Ҳатто мо ғолиби олимпиадаи вилоятӣ ва дорандаи роҳхат ба олимпиадаи  ҷумҳуриявӣ,  довталаби  барномасозии компютерӣ дорем. Ин хонанда аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ бо стипендия таъмин мешавад. 

- Дар фароҳам овардани шароит ва муҳити таълим масъалаи исти-роҳатгоҳ барои хонандагон ҳам муҳим аст. 
 - Мавзеии Чорбоғ - яке аз гӯшаҳои зебои табиат барои истироҳати хонандагон пешбинӣ  шуда буд. Ҳатто аз ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ ба ин мавзеъ барои истироҳат меомаданд. Мутаассифона, онро аз мо гирифтанд. Азм дорем, ки онро дубора ба тавозуни шуъбаи маориф баргардонем. Бидуни мавзеъҳои истироҳатӣ таълиму тарбия мукаммал шуда наметавонад. Ҳатто тарғиби ҳаёти солим ва худшиносии миллӣ ҳам аз чунин машғулиятҳо сар мешавад.

Ҳарамгули ҚОДИР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.06.2015    №: 120    Мутолиа карданд: 1681
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед