logo

мулоқотҳо

ВОХӮРИҲО ДАР ФАЗОИ ДӮСТӢ ВА ҲАМГИРОӢ

9 июн дар вохӯрӣ бо муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитжан Сагинтаев масъалаи ҳамкории рушдёбандаи Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт: “Мо Ҷумҳурии Қазоқистонро шарики боэътимоди худ дар минтақа мешуморем ва омодаем, ки робитаҳои созандаю судбахшро бо он густариш диҳем”.
Аз муҳайё будани заминаи хуби ҳамкорӣ ва воситаҳои тавсеаи робитаҳо миёни сохторҳои давлатӣ ва доираҳои соҳибкории ду кишвар изҳори қаноат карда шуд. Ба густариши бештари ҳамкорӣ дар бахшҳои саноатии кӯҳкорӣ, кимиёӣ, сохтмонӣ, дорусозӣ, техникаи барқӣ, мошинсозӣ ва ғайра таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Масоили вобаста ба роҳандозии робитаҳои мустақими миёни минтақаҳои Тоҷикистону Қазоқистон ва муҳайёсозии шароити боз ҳам беҳтари ҳуқуқӣ барои будубоши шаҳрвандони ду кишвар, аз ҷумла муҳоҷирони корӣ дар ҳудуди ҳамдигар ҳам аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буданд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар соҳаи обу энергетика ва иқтисоди сабз, сурат гирифт.

9 июн дар мулоқот бо муовини Сарвазири Туркманистон Аннагелди Язмуродов масъалаи вобаста ба рушди минбаъдаи ҳамкории ду кишвар баррасӣ гашт.
Таваҷҷуҳи зиёд ба ҳамгироии судбахши ду кишвар дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, нақлиёт, боркашонӣ, обу энергетика, маориф ва фарҳанг зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки барои татбиқи босамари санадҳои миёни ду кишвар имзошуда ва қарорҳои комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бояд саъю кӯшиши бештар ба харҷ равад.
Изҳори бовар шуд, ки бо фаъол гардидани роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон - Туркманистон робитаҳои ду кишвар ба марҳилаи сифатан нав ворид мегарданд.
 Ҳар ду ҷониб ба густариши минбаъдаи муносиботи гуногунпаҳлуи судбахш ҳавасмандии амиқ зоҳир намуданд.

9 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, ки ҳамчунин бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқоти судманди дуҷониба анҷом дод.
Масъалаҳои вобаста ба таҳким ва густариши муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории босамари Тоҷикистону Покистон нахуст дар мулоқоти хоса ва сипас бо ҳузури ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб баррасӣ шуданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат, аз ҷумла изҳор дошт: “Густариши ҳамкории гуногунҷанба ва таҳкими равобити ҳасана бо Ҷумҳурии Исломии Покистон, яке аз самтҳои асосии фаъолияти хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад ва мо имкониятҳои тиҷоративу иқтисодии Покистон, мавқеи геостратегӣ ва нуфузи онро дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони ислом муҳим арзёбӣ менамоем”.
Тавре зикр гардид, заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Покистон аз 40 санади дуҷонибаи байнидавлатӣ дар соҳаҳои мухталиф иборат аст.
Бо изҳори қаноат аз суръати рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар, аз ҷумла тазаккур дода шуд, ки тайи 10 соли ахир ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистону Покистон аз 100 ҳазор то 100 млн. доллари амрикоӣ расидааст. Ҳар ду ҷониб изҳори бовар намуданд, ки бо чунин суръат ҳаҷми табодули тиҷоратӣ дар се соли оянда то ба зиёда аз 500 млн. доллари амрикоӣ афзоиш хоҳад ёфт. Барои расидан ба ин ҳадаф фаъолияти бештари Комиссияи байниҳукуматии дуҷониба оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, мусоидат ба густариши равобити доираҳои соҳибкории ду кишвар, рушди фаъолияти муштарак дар соҳаҳои энергетикаву саноат ва кишоварзӣ, истифодаи васеъ аз минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва бандарҳои баҳрии Карочӣ ва Гвадари Покистон зарур дониста шуд.
Барои ҳарчи зудтар ба имзо расондани Созишномаи сеҷонибаи тиҷорати транзитӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Ҷонибҳо ба қарор омаданд, ки моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Покистон ва дар шаҳри Исломобод ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар баргузор карда шавад.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин атрофи мавзӯъҳои вобаста ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, ҳамгироии босамари сохторҳои амниятию қудратии ду кишвар дар пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир ва муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ сурат гирифт.
Зимни изҳороти матбуотӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба натиҷаҳои мулоқоту музокирот ва дурнамои робитаҳои ду кишвари дӯст баҳои баланд доданд.

9 июн, нимаи дуюми рӯз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  Сарвазири Ҷумҳурии Габон Даниэл Она Ондоро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба ташкил ва густариши робитаҳои судбахши ду кишвар баррасӣ ёфтанд. Ба рушди муносибатҳои сиёсӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва робитаҳои иқтисодӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, кӯҳкорӣ ва ғайра таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гашт.
Чунонки зикр гардид, ин нахустин боздиди як ҳайати расмӣ аз Габон ба Тоҷикистон аст ва изҳори бовар шуд, ки минбаъд робитаҳо вусъат хоҳанд ёфт.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.06.2015    №: 120    Мутолиа карданд: 1218
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед