номаҳо
Гилаамон на аз табиат, аз хоҷагони об аст
Ман сафари Сардори давлатамон Эмомалӣ Раҳмонро ба навоҳии Рашт тариқи телевизор гаштаву баргашта тамошо кардам ва бори дигар ба фарзанди деҳқони асил будани ӯ боварӣ ҳосил намудам. Таъкиди он, ки барои шумо бобоёну падарон боғу роғ бунёд карданд ва ин анъанаро идома бахшидани шумо қарзи инсонист, ҳеҷ аз сарам дур намешавад.
Албатта, даъвати Сардори давлат танҳо барои як минтақа нею ба тамоми диёрамон, ба ҳамаи деҳқонон, ҳар як гӯшае, ки он ҷо мардум макони зист қарор додаанд, дахл дорад. Боғ, ки неъмати ҷаннат бошад, чаро бо бунёди он ҷиҳати ба ҷаннат шабеҳ гардонидани ватани азизамон камари ҳиммат набандем? Мутаассифона, зиёданд имрӯз шахсоне, ки дар тӯли умри хеш боғ он тараф истад, дар ҳавлию манзили зисташон барои комширинкунӣ чанд ниҳолеро ба воя нарасондаанду ба қадри заҳмати боғкорон намерасанд.
Ман низ ҳамсинну соли куҳансолтарин пирони зиндазамири диёри Раштонзамин буда, 89 сол дорам. Аз ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта баробари оғози иҷорадиҳии замин дар талу теппаи канори шаҳри Кӯлоб барои бунёди боғ камар бастам. Дар тӯли 13-14 сол дар масоҳати 6 гектар замин аз тамоми навъҳои дарахтони мевадиҳанда боғ бунёд кардам. Аммо се соли охир аз хунукназарии масъулини оби шаҳру минтақа заҳматамон барбод рафта истодааст. Зиёда аз 500 дарахт танҳо ба сабаби нарасидани об хушк шуд. Мо аз табиат гила надорем. Қусурашро бо заҳмат ислоҳ мекунем. Аммо, вақте ки маҳсули заҳматамон аз хунукназарии хоҷагони об сӯхта, нест мешавад, ҷигарамон пора-пора мегардад.
ИСЛОМ НАЗАРОВ,
раиси ассотсиатсияи
истифодабарандагони оби
деҳаи Файзободи шаҳри Кӯлоб
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3015