номаҳо
«Тиҷорат» бо ниҳолҳои хушк?!
Ҳамасола, хушбахтона, маъракаи ниҳолшинонӣ дар кишвар дар сатҳи баланд доир мегардад. Ниҳоли зиёд шинонда мешавад. Маълумотҳои дар ин бора расида касро хушнуд месозад. Аммо баъди чанде тарбузи умедамон аз бағал меафтад. Яъне хабар медиҳанд, ки аксари ин ниҳолҳо сарсабз нашуданд. Хулоса мекунанд, ки ниҳолшинонии мо назарфиребие беш нест. Ва ҳам масъулон гӯё ба фиреб маблағро аз худ менамоянд.
Аммо чанде пеш ман як ҳақиқати дигарро кашф кардам. Ду ниҳол аз деҳаи Охҷари ноҳияи Восеъ овардаму бист ниҳол аз шаҳр харидам. Он ду сарсабз гардиду ин бист хушк. Бармеояд ниҳолҳоеро ҳам ба фурӯш мегузоранд, ки аллакай хушк шудаанд.
Дуруст аст, ки ман дар ин маврид зарар дидаам, аммо фикр мекунам, зарари ман дар муқоиса ба зарари идораҳои бузурги давлатӣ хеле ночиз аст. Оё масъулон барои пешгирии чунин амали нораво чорае андешидаанд? Ин мардумфиребӣ - ниҳоли хушкфурӯшӣ то ба кай идома меёбад?
Ш. САЛИМОВ, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3099