номаҳо
Дубора ба нашр расонед
Китоби Тоҳири Рашид «Муолиҷа бо Қуръон»-ро мутолиа кардам. Пас аз он дарёфтам, ки ҳанӯз бисёр асрори Қуръон –китоби Илоҳӣ барои мо ошкор нагардидаанд. Ва ҳам маълум намудам, ки аз ин асрор ҳатто бисёр муллоҳову дуохонҳо огоҳ нестанд. Дуохон бояд бо фаросат бемориро бишносад. Имом Фахриддини Розӣ дар ин маврид баён намудааст: «Ба ҳолатҳои зоҳирӣ назар карда, ба чизҳои ниҳонӣ далеловарӣ кардан фаросат аст. Фаросати рокӣ (дуохон) он аст, ки намуди зоҳирии беморро дида, дар ӯ нишонаҳои чашмрасӣ, ҷодушавӣ ва ё аз ҷин зарардидаро муайян кунад». Баъд аз ин дуохон бояд барои муайян сохтани навъи муолиҷа тасмим мегирифтааст.
Китоб аз бобҳои «Расидан ба сироталмустақим», «Муолиҷа бо Қуръон», «Адл аз назари дини мубини ислом дар оила» ва муқаддимае бо номи «Ислом аз хурофот ҷудост» иборат мебошад.
Аз ин китоб кас ба низоми адл дар оила, риояи адолат дар талоқ ва муносибатҳои оилавӣ, усулҳои ҳимоя аз чашму сеҳр, тартибу фазилатҳои зикр ошно мегардад. Яъне китоби «Муолиҷа бо Қуръон» бас муфид асту талабгоронаш зиёд мебошад. Мутаассифона, он бо теъдоди кам - 500 нусха ба табъ расидаасту халос.
Дар шаҳри Истаравшан ва шаҳру навоҳии вилояти Суғд ин китобро ҷустуҷӯ доранду намеёбанд. Оё имкони нашри дубораи китоби «Муолиҷа бо Қуръон» мавҷуд нест?
Раҳим БУРҲОНОВ,
шаҳри Истаравшан
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3136