logo

мулоқотҳо

ТОМАС БАХ АЗ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ПИРӮЗИҲОИ ЗИЁД ИНТИЗОР АСТ

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нимаи дуюми рӯзи 15 июн Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах ва раиси Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад ал - Фаҳад ас - Сабоҳро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи васеи мардум, хусусан ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти Президенти ҷумҳурӣ, Сарвари давлат ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё, ки дар рушди ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд, арзи сипос намудааст. Бар пояи гузориши манбаъ, доир ба роҳҳои бунёди марказҳои омодагии олимпӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯи судманд сурат гирифта, таъкид шудааст, ки дар марҳалаи аввал сохтмони панҷ адад чунин марказҳо дар гӯшаҳои гуногуни кишвар мувофиқи матлаб аст.
Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах ва раиси Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад ал - Фаҳад ас – Сабоҳ баъд аз мулоқот бо Президенти мамлакат ба хабарнигорон изҳор доштанд, ки бо Сарвари давлат суҳбати судманду бисёрпаҳлу анҷом додаанд. Аз ҷумла Томас Бах гуфт: «Мо ба ин назар будем, ки варзиш бояд меҳвари солимии ҷомеа ва омили ҳамбастагиву ваҳдат бошад. Дар ҷараёни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон аз сиёсату барномаҳои феълии Кумитаи байналмилалии олимпӣ, аз ҷумла эмин доштани дастаҳои варзишӣ аз истифодаи воситаҳои допингӣ ҷонибдорӣ намуданд».
Томас Бах ҳамчунин изҳор дошт, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё барномаҳои вижаеро оид ба дастгирии варзишгарони тоҷик рӯи даст доранд ва дар ин замина ба Кумитаи миллии олимпӣ ва варизшгарони Тоҷикистон тавассути сармоягузорӣ  дар бунёди иншооти варзишӣ, таъмини таҷҳизоти зарурӣ, мусоидат дар шинохти сиёсати олами варзиш ва ҳаракати ҷаҳонии олимпӣ, ҷудо намудани идрорпулиҳо ба варзишгарони умедбахш ёрӣ ҳоҳанд кард. Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах изҳори бовар намуд, ки варзишгарони тоҷик бо истифода аз шароити мусоид, минбаъд дар бозиҳои олимпию осиёӣ ва дигар мусобиқоти ҷаҳонӣ ба натиҷаҳои бештару хубтар ноил мегарданд.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.06.2015    №: 124    Мутолиа карданд: 1055
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед