номаҳо
Бади ман бадтар шуд
Дар назди мактаб осорхона таъсис додем, ки он бештар аз 400 нигораи соҳаи бостоншиносиву этнографӣ дорад. Аксари онҳо бозгӯи таърихи қадимаи маҳал ва кишварамон маҳсуб меёбад. Дар чандин озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ин нигораҳоро ба намоиш гузоштем. Чунин як озмун рӯзҳои 4 -12 октябри соли 2008 дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Душанбе баргузор гардид ва мо ҷойҳои намоёнро сазовор гардидем. Мутаассифона, пас аз ин дастовардҳо дар мактабу ноҳия на танҳо изҳори сипос нанамуданд, балки ҳаққи сафари хидматиямро ҳам напардохтанд. Албатта, чунин варақаро пас аз сафар пешниҳод карда будам.
Чун аз ин хусус дар рӯзномаи «Омӯзгор» мақолае бо номи «Мабод аз бад бадтар шавад»-ро навиштаму он 1 январи соли равон ба табъ расид, ҳоламро аз бад бадтар намуданд. Албатта, маълум аст, ки ин навишта ба табъашон мувофиқ наафтод. Ҳатто барои ёфтани гуноҳҳои ман роҳбарону масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро ба мактаб, ба ҷойи корам оварданд. Ҳол он ки ман мепиндоштам, ки камбудиро рафъ месозанду барои ба қайд гирифтани осорхона ёриам мерасонанд.
Ин бор ба гӯшаи «Розу ниёз»-и рӯзномаи «Ҷумҳурият», нашрияи расмии ҷумҳурӣ, менависам. Шояд ба масъала нигоҳи шахсони масъул тағйир ёбад?
Миралӣ Кӯганов,
омӯзгори мактаби
№ 8-и ноҳияи Восеъ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3118