фармонҳои президент
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аъзои мустақили Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 74 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» фармон медиҳам:
1. Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд, Солиев Ашурбой Абдувоҳидович ва Раҳматов Ҳайдар Бобоевич аъзои мустақили Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд.
2. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июли соли 2014, № 227 «Дар бораи ҳайати Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 16 июни соли 2015, № 503
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.06.2015 №: 125 Мутолиа карданд: 1566