logo

маориф

ТАЛОШИ УСТОДОН БЕСАМАР НЕСТ

Машғулияти пайваста  ва дастгирию рӯҳнавозӣ яке аз усулҳои муҳими касби омӯзгорист. Он ҷойе ки талош ҳаст, самар дар пайи дорад. Ин аст, ки дар пешрафти шогирдоне, ки ғолиби озмунҳои байналмилалӣ ва ҷумҳурӣ мегарданд, талоши устодон ва роҳбарияти мактаб андак нест. Мисоли ин гуфтаҳоро метавонем аз талошҳои омӯзгорони литсей - интернати президентии шаҳри Душанбе намуна орем. 11 нафар  хонандагони  литсей- интернати президентии шаҳри  Душанбе узви вобастаи  Академияи  хурди  илмҳо  шуданд. Хонандагон доир ба мавзӯъҳои  «Бемории ВИЧ - СПИД», «Саломатӣ дар баландкӯҳ», «Тамокукашӣ  ва  зарари он», «Ғадуди сипаршакл», «Хӯрдашавии дандон», «Нашъамандӣ - вабои  аср»  корҳои  илмӣ ҳимоя карда,  дипломи дараҷаи 1 - уми Академияи хурди  илмҳоро  ноил шудаанд.
Баҳром Исмоилзода, директори литсей - интернати мазкур, мегӯяд, ки шогирдон дар чанд ҷабҳаи илмӣ фаъоланд. Аз ҷумла  иштироки Меҳрон  Нуралиев, хонандаи синфи 7 дар конфронси сатҳи ҷаҳонӣ  ҳамроҳ бо  Сарвари давлат  дар Кореяи Ҷанубӣ  ва бо забони анлгисӣ муаррифӣ кардани кори илмиаш дар мавзӯи  об яке аз ин дастовардҳо мебошад.
- Талош дорем, ки омӯзиши барномаҳои равоншиносиро ба роҳ монем, зеро маҳз набудани заминаҳои маърифати равоншиносӣ дар мактабҳо боиси ба ҷиноят даст задани хонандагон мегардад. Талош бояд кард, ки ба  шогирдон машварати равонӣ дода шавад. Тасмими дигари мо ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни литсей - интернатҳо мебошад. Мо литсей - интернати шаҳри Турсунзодаро шарик интихоб кардем,- зикр кард Баҳром Исмоилзода.
Дар муассисаи мазкур 1009 хонанда ба таълим фаро гирифта шудааст. Таълим бо забони русӣ ва тоҷикӣ ҷараён дорад. Зимнан муассиса яке аз муассисаҳои муваффақ мебошад. Ғолиби озмунҳои сатҳи байналмилалист. Соли ҷорӣ шогирдони мактаб дар озмуни байналмилалӣ дар Қазоқистон ҷойи дувумро  ноил шуданд.
Қурбон Қурбонов, муовини директор оид ба корҳои таълим, мегӯяд, ки шогирдон талош доранд бо таври инфиродӣ дар озмунҳои байналмилалии  шабакавӣ  иштирок кунанд:
- Ба шогирдон оид ба озмунҳои сомонавӣ иттилоъ медиҳем. Аллакай чанд нафар бо таври инфиродӣ дар ин озмунҳо ба қайд гирифта шуданд ва довталаб ҳастанд.
Роҳбарияти литсей мегӯянд, ки талоши дигари онҳо бо тариқи тестӣ ба роҳ мондани санҷишҳои шогирдон мебошанд. -  Ин иқдом аз як тараф шаффофияти санҷишҳоро фароҳам орад, паҳлуи дигар дастрасии шогирдонро бо фановариҳои замон қуллай мегардонад. Зеро дар замони муосир довталабӣ ва таҳсил тавассути интернет низ ба роҳ монда шудааст,- мегӯяд  Баҳром  Исмоилзода.
Вақте ин гузориш таҳия мешуд, Сироҷиддин Сироҷов, хонандаи литсейи мазкур аз Озмуни байналмилалии шаҳри Маскав бо нишондиҳандаи беҳтарин баргашт.
Нуктаи ҷолибе, ки дар фаъолияти литсей таваҷҷуҳи моро ҷалб кард, назорати навории ҳар як синф мебошад, ки имкон медиҳад, фаъолияти омӯзгор ва хонанда шаффоф бошад. Бахусус дар шароите, ки аксари волидайн аз сифати таълим изҳори нигаронӣ мекунанд, ки гӯиё на ҳама омӯзгор шуда метавонад. Роҳбарияти мактаб ҳар рӯз баъди ба охир расидани соати дарсӣ аз рӯйи сабт дарсҳоро таҳлил мекунанд. Назорати навории синфхонаҳо омӯзгорро дар иҷрои вазифааш масъулиятшинос мегардонад, тартиботро ба низом меоварад. Нуктаи дигар ҷалби шогирдон ба дарси иловагӣ ва машғулиятҳост, ки мунтазам ба роҳ монда шудааст.

Ҳарамгули ҚОДИР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.2015    №: 126    Мутолиа карданд: 1503
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед