logo

мулоқотҳо

ХЕНАН ДАР РУШДИ МУНОСИБОТИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 июн котиби Кумитаи ҳизбии музофоти Хенани Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Гэнмао ва ҳайати ҳамроҳони ӯро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарафҳо дар мулоқот аз ҳамкории мустақими Тоҷикистон бо ин музофоти дар соҳаи кишоварзӣ пешрафтаи Чин, ки панҷ сол пеш оғоз ёфта буд, изҳори қаноат карданд. Манбаъ меафзояд, ки «таваҷҷуҳи зиёд ба иҷрои нишондодҳои тафоҳумнома оид ба ҳамкорӣ миёни як зумра вазорату идораҳои Тоҷикистон бо музофоти Хэнан зоҳир гардид». Зеро бар асоси ин санад ширкатҳои чинӣ уҳдадор шуданд, ки дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла барои истеҳсоли техникаи кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ, орд, равған, хӯроки омехтаи чорво ва коркарди тухми зироатҳо бунёд созанд.
Ҷонибҳо аз иҷрои як зумра корҳои муштарак, ба монанди кишти пахта, ҷуворимакка ва дигар зироатҳо бо технологияи муосири кишоварзӣ дар Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ намуда, зимнан, Сарвари давлат таъкид кардааст, ки бояд корхонаҳои саноатӣ ҳарчи зудтар сохта ба истифода дода шаванд.
Го Гэнмао, котиби Кумитаи ҳизбии музофоти Хенани Ҷумҳурии Мардумии Чин, баъд аз мулоқот бо Президенти мамлакат ба хабарнигорон гуфт, дар суҳбат муовофиқа шуд, ки ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба ва рафъи мушкилу монеаҳое, ки ба вуҷуд меоянд, комиссияи вижае созмон дода шавад. Ӯ бо ситоиш аз муносиботи дӯстонаву анъанавии Тоҷикистону Чин, ҳамчунин изҳор дошт: «ҷониби Тоҷикистон ва музофоти Хенан барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд имкону захираҳои фаровон доранд ва умедворам, ки дар оянда мо ин ҳамкориҳоро рушд дода, ба муваффақиятҳо ноил мегардем».
Котиби Кумитаи ҳизбии музофоти Хенани Ҷумҳурии Мардумии Чин созишномаҳои ҳамкорие, ки моҳи сентябри соли 2014 зимни сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон дар сатҳи олӣ имзо шуданд, таҳкимбахши ҳамкориҳои ҳасанаи ду кишвар унвон кард.
- Мо талош мекунем, то ҳамкориҳо дар бахшҳои кишоварзӣ ва канданиҳои фоиданок боз ҳам густариш ёбанд. Айни замон, дар Тоҷикистон 11 ташкилоти фаъол дорем. Мо дар кишвари шумо корхонаи ғаллатозакунӣ бунёд кардем ва қарор аст, як неругоҳ бо иқтидори 500 – киловолт низ бисозем, - изҳор дошт Го Гэнмао.
Бино ба арзёбии ин мақоми баландпоя, то кунун ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ пурмаҳсул буда, талошҳо барои расидан ба натиҷаҳои хубтар дар самти истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ идома доранд. Бо таваҷҷуҳ ба мизони болотар касб кардани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ зикр шуд, ки соли гузашта гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва музофоти Хенани Ҷумҳурии Мардумии Чин беш аз 11 миллион долларро ташкил додааст.
Ба гуфтаи Го Гэнмао, котиби Кумитаи ҳизбии музофоти Хенани Ҷумҳурии Мардумии Чин, дар мулоқоти Сарвари давлат бо ҳайати намояндагии ин музофот, ҳамчунин оид ба ташкил ва густариши робитаҳои фарҳангӣ, таҳкими минбаъдаи дӯстию ҳамгироӣ табодули назар сурат гирифтааст.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.2015    №: 128    Мутолиа карданд: 1191
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед