logo

мулоқотҳо

СААШ - ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ ТОҶИКИСТОН

Тоҷикистон бо Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла омодасозии кадрҳои низомӣ, омӯзиши забонҳо, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, поксозии гуманитарии минаҳо, нобудсозии муҳиммоти ҳарбӣ, амнияти сарҳадот, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгӯии офатҳои табиӣ ва рафъи оқибатҳои онҳо ҳамкории босамар дорад.
Ин нукта дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вакилони Ассамблеяи порлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ), ки рӯзи 23 июн дар шаҳри Душанбе иттифоқ афтод, таъкид шуд. Гуфта мешавад, ки чунин ҳамкорӣ бештар дар доираи «Барномаи шарикӣ барои сулҳ» ва «Барномаи инфиродии шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ» сурат мегирад.
Зимнан, Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки «Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ бо СААШ оид ба амнияти минтақаӣ ва дастгирии техникии сохторҳои марбутаи Тоҷикистон баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили ҳамкорӣ доир ба мусоидат ба таҳкими сулҳу эътидол дар Афғонистон ва ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо ин ҳамсоякишвар зоҳир гардид».
Виталин Кенеш, узви порлумони Португалия, раиси Кумитаи ҷанбаи шаҳрвандии амниятии Ассамблеяи порлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ, ба ин бовар аст, ки муносиботи Тоҷикистон ва СААШ минбаъд низ таҳким хоҳад ёфт. Ба таъкиди ӯ, Тоҷикистон ба ҳайси як кишвари дорои нақши калидӣ дар минтақа ва ҷонибдори сулҳу субот шарики боэътимоди СААШ боқӣ хоҳад монд.
Виталин Кенеш, ки баъд аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон суҳбат мекард, натиҷаҳои дидору суҳбати вакилони Ассамблеяи порлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ бо Сарвари давлатро муҳиму созанда ва таҳкимбахши равобити минбаъда арзёбӣ кард. «Тоҷикистон дар ҳалли масоили минтақаӣ нақши бисёр муҳим дорад. Мо дар ҷараёни сафар ба кишвари шумо мутаваҷҷеҳи вазъи сарҳад бо Афғонистон ва хатарҳои афзоянда аз ин кишвар низ будем. Чун ҳайати мо ба намояндагӣ аз давлатҳои гуногун аст, нигарониҳои мавҷударо  ба ҳукуматҳои худ расонда, дар порлумонҳо низ баҳс хоҳем кард».
Ба гуфтаи Виталин Кенеш, дар мулоқот ҳамчунин вазъи кишварҳои Шарқи Наздик, масоили пурзӯр намудани мубориза бо терроризму ифротгароӣ низ баррасӣ шудааст.
Вакилони Ассамблеяи порлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ бо сафари дурӯза вориди Тоҷикистон шуда, ҳамчунин бо роҳбарияти дигар мақомоти давлатӣ низ вохӯриҳо анҷом доданд.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.06.2015    №: 130    Мутолиа карданд: 1516
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед