logo

маориф

ТАРБИЯ – ҶАВҲАРИ РУШДИ ИНСОН

Таърих собит месозад, ки маънавиёт сифатҳои фитрии инсон буда, густариш ва таҳкими пайвастаи арзишҳои милливу умумибашарӣ, рушди ҳамвораи илму маориф, технология ва татбиқи бозёфтҳои навтарин дар фаъолияти созандаи инсоният ҷавҳари аслии рушду тараққии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

Президенти кишвар, муҳтарам Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ ба пешрафти соҳаи маориф ҳамчун пойдевори рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин равандро дар Паёмҳои минбаъдаи хеш муттасил идома дода истодаанд. Маҳз, дар асоси нуктаҳои Паём барнома ва консепсияҳои муҳими давлатӣ қабул гардиданд, ки барои амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи маориф ва дар ин замина беҳтар кардани шароити кории олимону омӯзгорон ва сатҳи таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшиданд.
Ҳамчунин бо бунёду таҷдиди муассисаҳои таълимӣ, таъмини техникаи компютерӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, дигаргуниҳои зиёде ба амал омад.
Президенти кишвар дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки: “Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато кардан надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст. Яъне омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи даврон масъул аст”.
Аз ин рӯ, бо таъкиди Президенти кишвар, дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор, дар навбати аввал, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди неруи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад.
Имрӯз, мо - омӯзгоронро зарур аст, ки дар ҷараёни таълим кӯшиш намоем, танҳо бо гузаронидани машғулиятҳои фаннӣ маҳдуд нашуда, дар баробари таълим ба масъалаи тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонону наврасон, бахусус ба тарбияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани ҳисси миллии онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳем.
Бо кору пайкори худ истиқлоли миллиро ҳамчун муқаддастарин дастоварди миллат ва неъмати гаронбаҳо ҳифз намоем, онро ҳамвора таҳким бахшем, ҷаҳони маънавии насли ҷавонро ғанитар гардонем. Зеро, дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ташаккул ва вусъат бахшидани тафаккури нави сиёсиву маънавии насли ҷавон мавзӯи муҳимтарин шуморида шудааст, ки маҳаки он ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ваҳдату худшиносии миллӣ, эҳсоси ватанпарастӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллат мебошад.

Амирулло САТТОРОВ,
омӯзгори мактаби таҳсилоти
миёнаи умумии № 16 ба номи А.Шукурови ноҳияи Восеъ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.07.2015    №: 135    Мутолиа карданд: 1557
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед