номаҳо
ХУДО НАКУНАД…
Ҳамасола мактаб - интернатҳои кару гунгҳо ва камшунавоёни кишварро миқдори зиёди хонандагон хатм мекунанд. Аксари онҳо баъд аз он имкони идомаи таҳсилро надоранд ва аз имтиёзҳои махсус низ бархӯрдор нестанд. Ба қадри зарурӣ касб ҳам наомӯхтаанд, ки фаъолиятро оғоз бибахшанд. Ба ҷуз ин сарварони корхонаҳову муассисаҳо бо ин ҳоле ки онҳо доранд, барои кор қабулашон намекунанд. Чунин шахсон дар кишвар ба садҳо нафар мерасанд. Бадбахтӣ дар он аст, ки ин қишри ҷомеа назорат намешаванд. Имкон дорад, ки аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноятпеша ба амалҳои бад ҳидоят бигарданд. Азбаски сухан гуфтаву шунида наметавонанд, ҳуқуқҳояшонро ҳимоя карда наметавонанд.
Хавфи ҷиддӣ боз дар он аст, ки Худо накунад онҳоро шомили гурӯҳҳои террористӣ намоянду чун «худкуш» истифодаашон бибаранд.
Ба пиндори инҷониб бояд дар ин маврид барномаи махсуси давлатӣ таҳия гардад ва тадбирҳои зарурӣ ҳарчи зудтар дар самти мазкур андешида шаванд. Охир онҳо маъюбанду шаҳрванди кишвари мо. Ба сарнавишти талхашон набояд бетаваҷҷуҳ бошем.
Ҳ.ФАЙЗУЛЛОЕВ,
ноҳияи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.07.2015 №: 140 Мутолиа карданд: 1258