номаҳо
ОРЗУИ МО ҶОМАИ АМАЛ МЕПӮШАД?
«Энсиклопедияи миллии тоҷик» бояд аз китобҳои рӯимизии ҳар як зиёии кишвар бошад. Вале бо ин нархи гароне, ки дорад, ин орзуи мо ҳеҷ ҷомаи амал намепӯшад. Албатта, медонем, ки он ба заҳматҳову маблағи зиёд омодаву нашр гардидааст. Арзандаи ҳама гуна нарх мебошад. Ҷойи таассуф дар он аст, ки мо доро нестем ва бо маоше, ки дорем, харидани китоби мазкури бисёрҷилда басо душвор аст.
Мебояд сари ин масъала масъулон ҷиддӣ бияндешанд ва роҳи ҳалли дурусти онро пайдо намоянд. Шояд теъдоди китобро дар нашрҳои минбаъда зиёд намудан зарур мебошад, то арзиши аслии ҳар ҷилди он камтар бигардад. Ва ё ба хоҳишмандон имкон дода шавад, ки маблағи онро ҳар моҳ андак - андак пардохт намоянд. Охир ҳама гуна китоб, аз ҷумла «Энсиклопедияи миллии тоҷик» ба хотири боло бурдани сатҳи маърифати мардум аст.
Б. САДРИДДИНОВ, ш. Қӯрғонтеппа
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.07.2015 №: 141 Мутолиа карданд: 1260