номаҳо
ДАР КӮРПАВОРӢ «МУҲАММАД»?!
Рӯзе пештар аз бозори «Корвон» матои кӯрпаворӣ харидам. Ҳангоми пора кардани он дар хона чашмам ба навиштаи он афтод: «Муҳаммад». Аз тааҷҷуб дида бештар ба даҳшат афтодам. Дар тасаввурам ҳеҷ намеғунҷид, ки кӯрпаҳову кӯрпачаҳои хонаи ман бо ин ном, номи мубораки Паёмбари гиромиқадри Ислом (с), зери по бошанд. Шояд номи мазкур ба ширкат ва ё соҳиби он иртибот бигирад, аммо бо ин ҳама дилу рӯҳ ором намегирад. Ба ҳар ҳол намедонам дар ин кор кӣ даст дорад ва бо чӣ мақсад ба ин амал рӯ овардааст. Агар мақсад беэҳтиромӣ гузоштан ба Паёмбар бошад, дар дунё нобахшиданист ва сазовори нафрини ҷомеаи исломӣ қарор мегирад. Охир аксар мардуми кишвари мо мусулмонанд ва онро ҷуз таҳқир чизи дигаре қабул карда наметавонанд.
Фикр мекунам, ба ин нафароне, ки ба амали мазкур огоҳона ва ё ноогоҳона даст задаанд, ҳушдор дода шавад. Инчунин масъулон барои дар оянда пеши роҳи ин гуна амалҳоро бигиранд.
Дилором МАҶИДЗОДА, ноҳияи Сино
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.07.2015 №: 141 Мутолиа карданд: 1266