номаҳо
ГӮРИСТОНҲОРО ҲАМ БА ТАНЗИМ ДАРОРЕМ
Пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пеши роҳи исрофкорӣ то андозае гирифта шуд ва сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардид. Ин қонуни миллӣ, воқеан, дар кишвар таҳаввулот ба вуҷуд овард. Албатта, ба низом даровардани анъана ва ҷашну маросимҳо ба осонӣ даст намедиҳад, он ҳатман мушкилот ба вуҷуд меорад. Дастовардҳо дар ин маврид собит сохтанд, ки масъулон дар қабул ва иҷрои қонуни мазкур бо ҳисси баланди масъулият фаъолияти густурдаву пурсамар намудаанд.
Аммо бояд изҳор бидорам, ки мо танзими гӯристонҳоро аз ёд баровардем ва дар ин хусус дар қонун ишорае намешавад. Гап дар сари он аст, ки дар ин манзил бисёре аз дороён ҳанӯз ҳам мусобиқаро дар сохтмони мақбараҳои пайвандону наздиконашон идома дода истодаанд. Мепиндорам, ки зарурати овардани далел ва исботи ин ҳақиқат вуҷуд надорад, чун дар тамоми қабристонҳо намунаҳои онро дидан мумкин аст. Агар ин маблағҳо дар иҷрои дигар корҳои хайр сарф мегардид, нуран ало нур мешуд. Ҳамин тавр, ба танзим даровардани гӯристонҳои кишвар бисёр зарур ва ногузир мебошад.
Н. АМИРШОЕВА, шаҳри Ваҳдат
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.07.2015 №: 141 Мутолиа карданд: 1271