номаҳо
АМАЛИ ХАЙР САВОБ АСТ
8 июл Рӯзи маъюбон қабул шудааст. Ба ин муносибат воситаҳои ахбори омма матлабҳо ба нашр мерасонанду барномаву намоишҳо омода месозанд. Аммо дар идораву муассиса ва корхонаҳое, ки маъюбон фаъолият мекунанд, ин рӯз ба хотир овардаву қайд карда намешавад. Оре, агарчи дар рӯи тақвими сарварон навишта шудааст: 8 июл- Рӯзи маъюбон.
Бисёр хуб мешуд, ки сарварон дар ин рӯз кормандони маъюбашонро ҷамъ меоварданд ва бо изҳори чанд сухани самимӣ дар бораи заҳмату саҳмашон онҳоро табрик мекарданд. Агар вобаста ба имконияти молияшон ин гурӯҳро ҳавасманд месохтанд, беҳтар мебуд. Ба ин васила дастгирӣ меёбанд ва ҳам шод мегарданд. Чунин як таваҷҷуҳи махсус ба ҷуз ин онҳоро ба кору зиндагӣ дилгарм менамояд. Амали хайр савоб аст.
Ҳ.АБДУЛЛОЕВ, ноҳияи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.07.2015 №: 141 Мутолиа карданд: 1327