номаҳо
БАДБАХТИҲО АЗ ТАҚЛИДАНД
Дар ин чанд соли охир, фикр мекунам, ки мо ба тақлид бештар дилбастагӣ пайдо намудем. Он агар бошуурона, мақсаднок бошад, боке нест. Пазириши чизҳои нек ба манфиати мардум ва миллат аст. Дар акси ҳол он миллатро ба вартаи нобудӣ мекашад.
Фаҳшу беҳаёӣ бар асари тақлид роҳ меёбаду садди роҳаш намешавем, балки дар ин кор бештар эҳсоси аҷзу нотавонӣ мекунем.
Баъзе аз беҳтарин урфу суннату анъанаҳо аз миён мераванду нодида мегирем ва бонги изтироб намезанем. Фарҳанги миллиамон хароб мешаваду парвое надорем. Муоширатамон ба маънии манфиаш дигар мегардаду таваҷҷуҳ зоҳир намекунем. Бо ин ҳама дар пешорӯ ҷаҳонишавӣ аст ва ҳастию нестӣ ба он иртибот мегирад.
Пешниҳод менамоям, ки парда аз рӯи ҳақиқати тақлидҳои бенафъ бардошта шавад, то мардум неку бадро хубтар маърифат бикунанд. Бояд бидонем, ки бадбахтиҳо аз тақлиданд ва аз тақлид миллат рушд намеёбаду сарбаланд намешавад.
М. РАСУЛОВ, шаҳри Хуҷанд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.07.2015 №: 141 Мутолиа карданд: 1331