logo

мулоқотҳо

Эмомалӣ Раҳмон бо Девид Хоббс мулоқот анҷом дод

Нимаи дуюми рӯзи 21 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Ассамблеяи порлумонии  Паймони Атлантикаи Шимолӣ  Девид Хоббсро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ баррасӣ шуд.

Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон аз раванди ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи барномаи «Шарикӣ баҳри сулҳ» ва Нақшаи инфиродии ҳамкорӣ бо НАТО бо қаноатмандӣ ёдовар шуда, изҳори боварӣ намуд, ки ҳамроҳшавии пешомади Тоҷикистон ба барномаи «Банақшагирӣ ва ҷараёни таҳлил» низ василаи хуби рушди ҳамкориҳои минбаъда хоҳад шуд».
Девид Хоббс дар навбати худ чунин изҳор дошт:
-Мо нақши эътидоловарии Тоҷикистонро дар Осиёи Марказӣ басо арзишманд мешуморем ва ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа дар мавриди Афғонистон таваҷҷӯҳи хос зоҳир мекунем. Мо он  мувозинатеро, ки Тоҷикистон дар муносибатҳои худ бо давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Русия, Чин, ИМА ва кишварҳои ҳамсояи худ риоя мекунад, пурарзиш ва ибратбахш медонем.
 Зимни сӯҳбат оид ба пешниҳодҳо баҳри дар Тоҷикистон кушодани ниҳодҳои минтақавии НАТО чун Маркази махсус оид ба мубориза бо терроризм ва Маркази наҷотдиҳӣ аз ҳолатҳои фавқулодда гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Густариши робитаҳои Ассамблеяи порлумонии НАТО бо Маҷлиси Олии Тоҷикистон воситаи хуби рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба ва таъмини заминаи ҳуқуқии он маънидод гардид.
Мубодилаи судманди афкор ҳамчунин оид ба дастгирии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва тоза кардани сарҳади давлатӣ бо Афғонистон аз мина ва дигар моддаҳои тарканда анҷом дода шуд.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳамгироиҳои вобаста ба Афғонистон изҳор дошт:
-Амалиётҳои низомӣ дар Афғонистон бояд бо муборизаи беамон бар зидди истеҳсоли маводи мухаддир ва ҳамчунин бо татбиқи васеи барномаҳои иқтисодӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ дар ягонагӣ сурат гиранд, зеро бе бартараф сохтани монеаҳои вобаста ба ин масъалаҳо раванди сулҳ мӯҳлати тӯлонӣ ва масрафи зиёд мехоҳад.  НАТО чун ҷузъи муҳими нерӯҳои таъмини сулҳ дар Афғонистон бояд бо мамолики ҳамсоя, хусусан бо Тоҷикистон, ки дар Осиёи Миёна бо ин кишвар сарҳади аз ҳама тӯлонӣ дорад, ҳамкории фаъолонаро ба роҳ монад ва таъкид намуд, ки татбиқи босамари лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон ба барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон низ мусоидати фаъол хоҳад кард.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

Пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Девид Хоббс, Дабири кулли Ассамблеяи порлумонии Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), ки бо ҳайати бонуфузи АП НАТО ба Тоҷикистон ташриф овардааст, андешаҳояшро аз натиҷаи мулоқот ба хабарнигорон чунин иброз дошт:
-,Дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мо оид ба дурнамои ҳамкориҳоямон бо кишвари шумо вазъияти феълии Афғонистон ва он мувозинатеро, ки Тоҷикистон дар муносибатҳои худ бо кулли кишварҳо, аз ҷумла Русия, Чин, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА риоя мекунад, табодули назар намудем. Ба назари ман, дигар давлатҳо бояд ин таҷрибаи Тоҷикистонро ҳамаҷониба омӯзанд ва дар амал пиёда созанд.
Ҷониби Тоҷикистон омода аст  ҳамкорӣ ва фаъолияти муштаракро бо НАТО таҳким бахшад ва дар ин хусус пешниҳодҳои мушаххас аз ҷониби Ҷаноби Олӣ матраҳ гаштанд.
Мо чунин меҳисобем, ки Ассамблеяи порлумонии НАТО, ки аз 28 кишвари шарики НАТО иборат аст, барои таҳкими муносибатҳо ва ҳамкорӣ бо Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Мо бо Президенти кишвари шумо, дар атрофи як қатор масъалаҳо, аз ҷумла мубориза ба муқобили терроризм, пешгирии офатҳои табиат, роҳҳои ба эътидол овардани вазъияти Афғонистон, пешгирӣ ва мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ки ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои ҳамаи кишварҳо ниҳоят муҳим аст, мубодилаи афкор намудем.

Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1924
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед