logo

мулоқотҳо

ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МУҲАММАД АШРАФ ҒАНӢ

9 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Уфа бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ, ки дидори нахустини сарони ду давлати ҳамсоя пас аз ба мақоми Президенти Афғонистон интихоб шудани Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мебошад, маҷмӯи васеи масоили вобаста ба рушди муносиботи накуи ҳамсоягӣ ва ҳамкории судбахш баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амнияту мудофиа, иқтисоду тиҷорат, энергетика ва ҳамлу нақл зоҳир гардид.
Аз заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории ду кишвар, ки аз 80 санади дуҷониба иборат  мебошад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки барои татбиқи босамари санадҳои имзошуда, мақомоти дахлдори ҳар ду кишвар бештар фаъол бошанд.
Инчунин, дар атрофи татбиқи лоиҳаҳои судбахши минтақавӣ доир ба сохтмони роҳҳои оҳани Тоҷикистон-Афғонистон - Туркманистон, Чин-Қирғизистон - Тоҷикистон - Афғонистон-Эрон, хати барқии 500 киловолтаи КАСА - 1000 ва лӯлаи гази Афғонистон-Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Таваҷҷуҳи зиёд ба қарордоди тиҷорати транзитии Тоҷикистон-Афғонистон-Покистон ҳам зоҳир гардид.
Ҷониби Тоҷикистон омодагии худро ба бозомӯзии мутахассисони соҳаҳои гуногун барои Афғонистон бо шароити имтиёзӣ таъйид кард. Тавре зикр гардид, танҳо дар соли равон барои донишҷӯёни афғон 250 бурсия дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ҷудо гардидааст ва солҳои оянда ин шумора боз ҳам афзун мегардад.
Ба масоили вобаста ба таҳкими ҳамкорӣ миёни сохторҳои дифоию амниятӣ ва дигар мақомоти дахлдори ду кишвар барои ҳифзи субот дар минтақа таваҷҷуҳи хос зоҳир шуд.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин, доир ба ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла, Созмони ҳамкории Шанхай сурат гирифт.


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2015    №: 141    Мутолиа карданд: 1237
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед