logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР УФА

9 июл дар шаҳри Уфа, пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои БРИКС (Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ), СҲШ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани некуаҳволии мардумони кишварҳои мо”, баргузор шуд,  суханронӣ намуд.

Бояд гуфт, ки дар як вақт ва дар як ҷо ба ҳам омадани сарони давлатҳои аъзои ин 3 созмон бори нахуст сурат гирифт.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба мушкилу монеаҳои глобалӣ, ки садди роҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мегарданд, ҷалб намуда, аз ҷумла, таъкид дошт, ки монеаи асосӣ дар ин роҳ амиқ рафтани буҳрони озуқаворӣ, энергетикӣ, молиявию иқтисодӣ ва гармшавии иқлими сайёра мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон бунёди манбаъҳои энергияи таҷдидшаванда, аз ҷумла, иншооти гидроэнергетикӣ, рушди иқтисоди аз ҷиҳати экологӣ бехатар, ки маъмулан иқтисоди сабзаш меноманд, фаъолияти бемонеаи шабакаҳои нақлиётӣ ва ҳамлу нақли миллию минтақавиро аз шартҳои асосии рушди устувори ҷаҳонӣ номид.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, ба кишварҳое, ки дастрасии мустақим ба роҳҳои баҳрӣ надоранд, расидан ба ҳадафҳои рушди устувор басо мушкил аст. Аз ин хотир, таъкид гардид, ки дастгирии кӯшишҳои чунин кишварҳо дар самтҳои бунёди зербинои муосири ҳамлу нақли миллию минтақавӣ, диверсификатсияи иқтисод ва робитаҳои байналмилалӣ бояд аз ҷумлаи афзалиятҳои асосӣ бошанд.
Суҳбати ғайрирасмии сарони давлатҳои 3 созмони бонуфуз дар фазои дӯстию созандагӣ ҷараён гирифт. Зимни бисёр андешарониҳо, аз ҷумла, изҳори умед шуд, ки чунин ҳамоишҳо паёмадҳои наку хоҳанд дошт.
Ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай 10 июл идома ёфт.


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2015    №: 141    Мутолиа карданд: 1355
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед