logo

туризм

ТУРИЗМ. АЗ МУТАХАССИСОНИ ҒАЙРИКАСБӢ ТО НОБУДИ ХАТСАЙРҲОИ НАВ

Бо вуҷуди фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои инкишофи туризм дар кишвар, на ҳама имконоти Тоҷикистон, ки аз мавҷудияти ёдгориҳои таърихӣ, мавзеъҳои нодири табиӣ бармеоянд, мақсаднок истифода мешаванд.
Хабарнигори рӯзнома дастоварду мушкилот ва сабабу омилҳои боздорандаи рушди соҳаро бо Моҳира Қодирова, номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи туризми факултаи туризм ва хадамоти гумруки Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати ҷумҳурӣ матраҳ намуд.

- Дар натиҷаи кӯшишҳои ҳадафноки вазорату идораҳои давлатӣ дар ҳамдастӣ бо Ҳукумати мамлакат монеаҳои сунъии маъмурӣ, талаботи беасоси молиявӣ ва дигар омилҳо, ки садди роҳи ҷалби туристон ба кишвар мегардиданд, бартараф шуданд. Ин имкон медиҳад, сайёҳони хориҷӣ ҳангоми будубош дар ҳудуди Тоҷикистон худро осуда ва дар фароғат эҳсос намоянд?
- Бале, пас аз қабули Консепсияи миллии рушди туризм барои солҳои 2009 - 2019 дар ин самт бисёр корҳо рӯйи даст омаданд, ки барои ба кишвари сайру саёҳат табдил ёфтани Тоҷикистон мусоидат намуданд. Масалан, воридшавӣ ба мамнуъгоҳҳо, боғи миллӣ, баромадан ба қуллаҳо нархҳои баланд доштанд, ки ин ҷиҳат сайёҳонро дилсард месохт. Алҳол ин вазъ ба эътидол даромад. Гаронии маблағи раводиди туристӣ ҳам поин фуроварда шуд. Таҳлилҳо собит сохтанд, ки маблағи хироҷ барои раводидҳои мухталиф, аз он ҷумла, туристӣ то 150 доллари амрикоиро ташкил медод ва ин ҳолат дар баробари дигар омилҳо ба тасмими туристон ҷиҳати сафар ба Тоҷикистон, таъсири манфӣ мегузошт. Бо қабули қарори махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супурдани боҷи ягонаи туристӣ дар ҳаҷми 25 доллари амрикоӣ дар тамоми намояндагиҳои дипломатии дохил ва хориҷи кишвар, боз як қадами дигар баҳри паст кардани нархномаҳои давлатӣ гузошта шуд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе аксари камбудиҳо дар фурудгоҳ аз байн рафтанд. Сайёҳони беш аз 81 давлат метавонанд имрӯз озодона дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раводиди Тоҷикистонро гиранд. Ҳамзамон, меҳмонон дар фурудгоҳ аз хизматрасониҳои сатҳи олӣ бо чанд забон бархӯрдоранд. Ин пешрафтҳо мутмаин месозанд, тамоми нақшаҳои дар консепсия пешбинишуда то соли 2019 амалӣ хоҳанд гашт ва Тоҷикистон ба кишвари аз ҷиҳати сайёҳӣ рушдёфта табдил меёбад.

- Вале аз чист ки ташрифи гурӯҳҳои нави ҷаҳонгардон дар кишвар то ҳол қонеъкунанда набуда, суди аз соҳа ба буҷети мамлакат воридшаванда ҳам нисбат ба дигар кишварҳои минтақа ночиз мебошад?
- Қабл аз ҳама дар маҳалҳо инфрасохтори посухгӯи талаботи сайёҳи муосир (роҳ, ошхона, фароғатхона, кемпинг, пойгоҳҳои туристӣ ва хизматрасонии муосири алоқа ва бонкӣ), қариб ки мавҷуд нест. Ин агар ба назар одӣ намояд ҳам, дар асл боиси дигарбора ба Тоҷикистон рӯй наовардани сайёҳон мегардад. Ва ногузир даромади соҳа нисбат ба нишондиҳандаҳои дигар давлатҳои ҳамсоя поин мефарояд. Ғайр аз ин, дар ширкатҳои сайёҳӣ ва мамнуъгоҳу бахшҳо оид ба туризми маҳалҳо мутахассисони касбӣ фаъолият надоранд, хатсайрҳои нав ба нави ҷолиб таҳия намегарданд, саёҳатҳои хотирмони маърифативу фарҳангӣ ташкил карда намешаванд. Ин аз норасоии мутахассисони касбӣ дарак медиҳад. Норасоии мутахассисонро метавон дар ҷавобгӯ набудани стандартҳои таълимии ихтисосҳо ба талаботи замони муосир тавзеҳ дод. Зеро мактабҳои олие, ки мутахассисони соҳаро омода месозанд, пеш аз ҳама, манфиатҳои худро дар мадди аввал мегузоранд. Чунончи, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон бештар фанҳои санъатро дар барномаи таълимӣ ворид карда, нақшаи таълимии факултаи туризми кӯҳии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи С. Раҳимовро аксаран машғулиятҳои волейбол, футбол, варзиши сабук ташкил медиҳанд. Барои рафъи ин камбудӣ, пеш аз ҳама, донишкадаҳо бояд барномаҳои дарсиро ба сатҳи байналмилалӣ мувофиқ созанд, фанҳои ихтисосиро бештар ҷорӣ намоянд, таҷрибомӯзиро мақсаднок ба роҳ монанд. Бе мутахассиси хуб, агар ҳазорҳо иншоот бунёд намоем ҳам, сайёҳӣ ба дараҷаи даркорӣ рушд нахоҳад кард. Зеро барои меҳмоннавозии сатҳи олӣ, муаррифии дуруст, ҷалби бештари ҷаҳонгардон ва бо ин васила ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, мутахассисони сатҳи баланд лозиманд.

- Алҳол дар ҷумҳурӣ 92 ширкати туристӣ бо пешниҳоди беш аз 50 хатсайр фаъолият доранд. Аз нигоҳи Шумо ин ширкатҳо дар рушди туризми мамлакат чӣ нақш доранд?
- Бисёр будани онҳо хуб аст, зеро рақобат боиси беҳ гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ мегардад. Вале бояд иқрор шуд, ки 30 дарсади онҳо аслан фаъ-олияти тиҷоратиро пеш мебаранд. Сайёҳонро ба Амороти Муттаҳидаи Араб, Чин, Ҳиндустон, Туркия мебаранд ва бо ҷалби сайёҳон аз минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардишгарии дохилиро ривоҷ мебахшанд. Асоси фаъолияти ширкатҳои боқимондаро аслан фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ ташкил медиҳад. Чаро? Зеро аксари роҳбарону кормандонашон мутахассиси соҳавӣ нестанд. Қоидаҳои бастани шартнома бо меҳмонхонаҳо, ширкатҳову мавзеъҳои туристии ватаниву дигар давлатҳоро намедонанд. Масалан, агар ширкат бо туризми содиротӣ шуғл варзад, мебояд бо ҳар меҳмонхонае, ки ба нақша гирифта шудааст, шартномаи ҳамкорӣ бандад. Чӣ қадаре, ки шартномаҳо зиёд бошанд, ҳамон андоза ба мизоҷон вариантҳои гуногун (люкс, дараҷаи аввал, миёна ва сеюм) пешниҳод мегарданд. Дар таҳияи рӯйхатҳо (каталогҳо) ба инобат гирифтани имконияти мизоҷон шарти ҳатмист, ки мутаассифона, ин тарзи кор имрӯз дар мо қариб дида намешавад. Агар ширкатҳои сайёҳӣ ҳар се моҳ ё нимсола оид ба корҳои анҷомдода мониторинг гузаронанд, ташрифи сайёҳон ба кишвар бештар, сатҳи хизматрасонӣ беҳтар ва даромад аз соҳа афзунтар мегардад.

- Меҳмонхонаҳои хурду бузург, ки имрӯз шумораашон дар кишвар меафзояд, дар рушди ҷаҳонгардӣ чӣ нақш доранд?
- Агар бархе гардишгарон сайру гашт ва истироҳатро дар ҷойҳои табиӣ (меҳмонхонаи хурд, кемпинг, палатка, хонаи сокинони маҳалҳо) интихоб намоянд, гурӯҳи дигар ҳузуру ҳаловати дар ватани худ доштаро афзал медонанд (яъне, баъзеашон вақти истироҳатро ҳатман дар меҳмонхонаҳои чор ё панҷситорадори пойтахт мегузаронанд). Бинобар ин, қомат афрохтани ҳар навъ меҳмонхонаҳо дар гӯшаву канори мамлакат ба манфиати кор аст. “Серена”, “Шератон”, “Ҳаят реҷенсӣ”, “Тоҷикистон” меҳмонхонаҳои панҷситорадор буда, хизматрасониашон дар сатҳи баланд аст. Онҳо дар рушди туризми корӣ, яъне, гузарондани курсҳои омӯзишӣ, семинару конфронсҳо нақши муҳим мебозанд.
Танҳо як нуктаро бояд таъкид дошт, ки меҳмонхонаҳои мо новобаста аз мансубияташон бояд тарҳи миллӣ дошта бошанд. Зеро ин ҷиҳат барои меҳмонон аз минтақаҳои дурдасти ҷаҳон ҷолибу диданист ва бархе аз онҳо маҳз ба хотири шиносоӣ бо фарҳангу мероси миллӣ, огаҳӣ аз таъриху тамаддуни қадимаи тоҷикон ба Тоҷикистон меоянд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки саноати (индустрияи) меҳмоннавозиву нақлиёти соҳаи сайёҳӣ дар кишвар пеш рафта, нуқтаҳои хӯрокворӣ ва дилхушкунӣ дар сатҳи на он қадар хуб қарор доранд. Чун мақсади асосии рушди туризм дар Тоҷикистон ташкили саноати фоидаовар ва рақобатпазир мебошад, бояд ҷиҳати расидан ба талаботи замонавии хизматрасониҳои туристӣ, таъминоти даромади маблағҳои иловагӣ ба буҷети давлатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ кӯшиш ба харҷ дод. Бовар дорам, ки давра ба давра бо андешидани чораву тадбирҳои муассир мушкилоти мавҷуда ҳалли худро меёбанд.

 Ш. ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.07.2015    №: 143    Мутолиа карданд: 11859
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед