logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими пардабардорӣ аз муҷассамаи Робиндранат Тагор, шаҳри Душанбе, 13 июли соли 2015

Ҷаноби Олӣ Нарендра Моди, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон,
Дӯстони азиз,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Мо имрӯз барои пардабардорӣ аз муҷассамаи шахсияте гирди ҳам омадаем, ки бо ному осораш ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ шинос ҳастем. Робиндранат Тагор – шоир, файласуф, мусиқидон ва чеҳрапардози чирадасти ҳинд – аз зумраи он бузургонест, ки беш аз мардумони замони хеш ба наслҳои оянда тааллуқ доранд.
Робиндранат Тагор, ки табъи саршори шоириаш ҳанӯз дар ҳаштсолагиаш ба фаввора задан оғоз намудааст, бо фитрати баланд дарёфт, ки ба сарчашмаи андешаҳои зебо, ғановати забон ва фасоҳати калом,  ки шукӯҳу азамати шеърро муайян мекунанд, танҳо бо зиндагӣ кардан дар миёни мардуми заҳматкаш метавон даст ёфт.
Ошноӣ бо зиндагии мардуми одӣ пеши дидагони ӯ ҷаҳони наверо боз кард.
Ӯ дар ин ҷаҳони нав бо дардҳо, ранҷҳо, беадолатиҳову бемориҳо ошно шуд, ҳамзамон, сарвати маънавии миллати бузурги ҳиндро шинохт ва ба тасвири чеҳраи воқеии он пардохт. Ӯ пас аз ин беҳтарин осори худро ба вуҷуд овард, достонҳои ҳаяҷонангез нигошт ва намоишномаҳои камназирро ба риштаи таҳрир кашид.
Лауреати мукофоти Нобел Робиндранат Тагор ба ҳар кишваре мерафт, паёми сулҳ мебурд ва халқҳоро ба ҳамкории маънавӣ даъват мекард. Ӯро дар ҳамаи мамолик, чи ғарбиву чи шарқӣ, чун меҳмони азиз бо оғӯши боз пазироӣ мекарданд.
Адиби бузурги Ҳиндустон фақат шаш сол пеш аз ба истиқлол расидани кишвараш ҷаҳонро падруд гуфт. Аммо бе ҳеҷ шубҳа Тагор бо андешаҳои баландаш то ҳадди зиёде роҳро ба истиқлоли ватанаш ҳамвору наздик карда буд.
Имрӯзҳо, ки кишвари дӯсту бародари Ҳиндустон ба таҷлили 68-умин солгарди истиқлоли давлатиаш омодагӣ мебинад, ба яке аз кишварҳои пештози иқтисоди ҷаҳонӣ табдил гаштааст. Ин ҳама дастовардҳо барои он ба ин кишвари бостонӣ даст додааст, ки тафаккури миллии мардумашро нобиғагоне, монанди Робиндранат Тагор, ташаккул додаанд.
Тагор ошиқи Машриқзамин буд ва ишқу алоқаи бештаре ба сарзамини шоирхези форсизабонон ва забони форсӣ дошт. Ӯ ду маротиба барои зиёрати оромгоҳҳои классикҳои адабиёти тоҷику форс Ҳофиз ва Фирдавсӣ азм намудааст ва ҳангоми ин сафарҳояш ҳатто худро эронӣ хондааст.
Ва басо рамзист, ки ин Аллома дар оғози асри XXI пайвандгари маънавии ду кишвари дӯст – Тоҷикистону Ҳиндустон мебошад.
Бо ибрози табрику таҳният ба ҳамаи шумо бо ин рӯйдоди фархунда изҳори итминон менамоям, ки рӯҳи Тагор дар таҳкиму тақвияти дӯстию ҳамдилии мардумони Тоҷикистону Ҳиндустон муҳофизу мададгори мо хоҳад буд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.07.2015    №: 143    Мутолиа карданд: 1151
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед