logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, дар Анҷумани кишоварзии Тоҷикистону Ҳиндустон, шаҳри Душанбе, 13 июли соли 2015

Ҷаноби Олӣ, Сарвазири муҳтарами Ҷумҳурии Ҳиндустон
Нарендра Моди,
Меҳмонони олиқадр,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Бори дигар сарфарозам дар ҳузури гиромии шумо меҳмони азизи Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Нарендра Модиро самимона хайрамақдам бигӯям.
Ба ҷаҳониён маълум аст, ки пайвандҳои ду кишвари мо бар қаробати таърихӣ ва фарҳангии мардумони куҳанбунёд ва арзишҳои оламшумуле, ки аз баҳри беканори одоби мондагор, фалсафаи инсондӯстӣ ва ҷаҳонбинии ростину фарохи аҷдоди мо маншаъ мегиранд, асос меёбад.
Маҳз дар чунин рӯҳияи самимӣ мо ин субҳ бо Ҷаноби Олӣ Нарендра Моди маҷмӯи васеи масъалаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ кардем ва бори дигар тааҳҳудоти худро барои андешидани тадбирҳои лозим ҷиҳати табдили муносибатҳои дуҷониба ба шарикии стратегии гуногунҷанба дар ростои манфиатҳои мутақобили мардумони кишварҳоямон таъкид намудем.
Бо дарназардошти ҳамсоягии наздики кишварҳои мо дар дурнамои наздик робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Ҳиндустон бояд ҷавобгӯи иқтидори ҳамкориҳои мо бошанд.
Аз ин лиҳоз, ба ҳамраисони Комиссияи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ дастур дода шуд, ки дар ҷаласаи навбатии худ, ки дар соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бояд баргузор гардад, стратегияи рушди муносибатҳои тиҷоратӣ ва сармоягузориро таҳия намоянд ва ҷиҳати мусоидат ба ҳамкории доираҳои соҳибкорӣ қадамҳои мушаххасро муайян созанд.
Дар суҳбате, ки мо имрӯз бо Ҷаноби Олӣ доштем, ба аҳамияти кишоварзӣ дар иқтисодиёти ҳарду кишвар ва зарурати тавсеаи ҳамкориҳо дар ин самт таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Пӯшида нест, ки Ҳиндустон дар бахши кишоварзӣ, аз ҷумла, пажӯҳиш, рушд ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ пешравиҳои қобили таваҷҷуҳ дорад. Таҷрибаи ин кишвар шоистаи омӯзиш аст ва бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аз сиёсати кишоварзии Ҳиндустон пайравӣ мекунанд.
Аз ин лиҳоз, мо аз ҳама гуна иқдомҳои судманду муштарак ҷиҳати рушди ҳамкориҳо бо Ҳиндустон дар соҳаи кишоварзӣ, бахусус, ҷалби бештари ширкатҳои Ҳиндустон ба соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ворид намудани фанновариҳои нав ва усулҳои пешрафтаи тадқиқотӣ дар ин соҳаи ҳаётан муҳими иқтисодиёти миллӣ истиқбол мекунем.
Анҷумани имрӯза, ки бо ҳузури намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, коршиносони марказҳо ва созмонҳои тадқиқотӣ, ширкатҳои хусусӣ ва соҳибкорони бонуфуз доир мегардад, маҳз барои расидан ба чунин ҳадафи наҷиб созмон дода шуд. Умедворам, ки натиҷаҳо ва созишномаҳое, ки дар рафти анҷуман ҳосил мешаванд, мавриди иҷрои амалии ҳар ду ҷониб қарор хоҳанд гирифт.
Ҳамкориҳо дар ин соҳа бевосита ҷузъи тадбирҳои муассири Ҳукумат дар самти таъмини амнияти озуқавории кишвар ва расидан ба яке аз се ҳадафи стратегии рушди миллӣ мебошад.
Мехостам таъкид намоям, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар имкониятҳои васеи иқтисодӣ дорад. Ҳоло дар Тоҷикистон тарҳу лоиҳаҳое ба маблағи ҳафтуним миллиард доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодаанд. Қонунгузории кишвари мо зиёда аз чил номгӯи кафолату имтиёзҳоро дар иртибот ба андозбандӣ ва фаъолияти гумрукӣ муқаррар намудааст.
Шароити мусоиди иқлим ва табиати мамлакат, ки дорои офтобу оби фаровон, инчунин, водиҳои ҳосилхез барои парвариши меваю сабзавот ва маҳсулоти босифат мебошад, барои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ имконияти ҳамаҷониба фароҳам овардааст.
Вақтҳои охир дар кишвар дар асоси барномаҳои махсуси давлатӣ комплекси агросаноатӣ, аз ҷумла, сабзавоткорӣ ва боғдорӣ рушд ёфта, содироти меваҳои тару тоза ва хушк ба кишварҳои дигар рӯ ба афзоиш аст.
Роҳандозии ҳамкориҳои васеи байналмилалӣ дар арсаҳои мазкур ва инчунин бунёди корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди пашм ва пӯст, пахтакорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорӣ, чорвопарварӣ, занбӯрпарварӣ ва азхудкунии заминҳои нав ниёз ба ҷалби технологияи инноватсионӣ ва сармоя доранд.
Аз ин лиҳоз, соҳаҳои мазкур ва инчунин коркарду нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ба хотири афзоиши иқтидори содиротии кишвар аз ҳисоби маҳсулоти аз лиҳози экологӣ пок ва корхонаҳои муштараки нассоҷӣ бояд дар ояндаи наздик аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон бошанд.
Умедворам, ки дар ростои талошҳои муштарак ба тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар такони тоза хоҳем бахшид.
Ба ҳамаи шумо саломатӣ, хушнудӣ ва комёбиҳои рӯзафзун орзумандам.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.07.2015    №: 143    Мутолиа карданд: 1290
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед