logo

маориф

ҲИСОР: НИГАРОНӢ АЗ «ҲАШАРМАКТАБ»-ҲО

Аз  140 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва миёнаи ноҳияи Ҳисор 52 мактаб бо усули ҳашар сохта шудааст. Агар 9 мактаби «ҳашарӣ» дар садама қарор дошта бошад, 10 - 15  мактаби дигари  «ҳашарӣ» рӯ ба вайроншавист.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Назрӣ Асадзода дар ин бора мегӯяд, ки бе лоиҳа, бе тарҳи меъморӣ, бе таҳкурсии асосӣ  саросемавор сохтани чунин  «ҳашармактабҳо» ба ҷараёни таълим зиёновар аст.
Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 73, ки дар деҳаи Лолазори Ҷамоати деҳоти  Алмосии ноҳияи Ҳисор воқеъ аст, соли 1976 бо усули «ҳашари бобоӣ», бе ягон лоиҳа аввал 4, баъдтар 5 синфхонаи «лойдевор» сохтанд. Муассисаи таълимии мазкур ба анборхона шабоҳат дорад. Барои 115 нафар хонанда фақат як майдончаи пурлою ноҳамвори волейболбозӣ вуҷуд дораду халос. 
Соли 2008 баъди бориши барфи вазнин боми мактаби тариқи  ҳашар бунёдёфта  фурӯ рехт. Ҳамон вақт, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои тармими боми мактаб 1400 сомонӣ ҷудо карда буд. Имрӯз  бошад, оид ба навгонӣ ва таҷҳизоти утоқҳои фаннӣ  дар ин муассиса сухан гуфтан муҳол мебошад. Солҳост, ки мактаб аз назарҳо дур мондааст.
Мактаби таҳсилоти умумии рақами 83 ба таълиму тарбияи 240 нафар хонанда вобаста шудааст. Директори муассиса Рустам Салоҳов гуфт, ки мактаби мазкур соли 1948 дар асоси як синфхонаи боғча - яслӣ арзи вуҷуд намуда, баъдан 4 синфхонаи иловагӣ бо усули ҳашар аз гилу лой сохта шуд, ки ҳоло деворҳояш фурӯ рафта истодааст. Аз сабаби набудани ҳуҷраи алоҳида китобхонаи мактаб дар нимаи як вагони шикаста, ки анборро мемонад, ҷойгир мебошад. Китобҳои дарсӣ, бадеӣ, илмӣ болои ҳам чида шудаанду  вазъияти ногувор доранд. Дар ин ҳолат оид  ба беҳбудии  раванди таълиму тадрис сухане гуфтан нашояд.           
Муассисаҳои таҳсилоти асосӣ ва умумии рақамҳои 41, 82, 62, 36, 35, 43, 44, 27 низ ҳолати садамавӣ доранд. Чунон ки дар боло ишора рафт, мувофиқи хулосаи ташкилотҳои дахлдор дар ин мактабҳо низ таълиму тарбия гайриимкон аст.  Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва прокуратураи ноҳия хулоса бароварданд, ки дар 11 мактаби садамавии ноҳия таҳсилу дарсомӯзӣ имконнопазир мебошад.
Бинои шуъбаи маорифи ноҳия, ки соли 1932 ба истифода дода шудаасту дар ҳолати вайроншавист, ба азнавсозӣ эҳтиёҷ дорад.  Воқеан, баъди талошҳои зиёди мудири шуъбаи маориф Н.Асадзода сохтмони бинои нави шуъба қариб як сол пеш оғоз гашта бошад ҳам, ба қавле сохтмон «гӯшти уштур» хӯрд. Аз сабаби нарасидани маблағ кори сохтмон қатъ гардидааст. Мактаб- интернати сустбиноён, мактаб- интернати касалиҳои полимиелит ба таъмири  саросарӣ эҳтиёҷ доранд.       
То таҷлили  3000 - солагии Ҳисор вақти кам мондааст.  Имрӯзҳо бо мусоидати давлату ҳукумат, хоса таваҷҷуҳи бевоситаи Сардори давлат аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ сохтмони даҳҳо иншооти муҳими маъмуриву маишӣ бо маром идома дорад. Баробари мавриди истифода қарор гирифтани онҳо Ҳисор воқеан шодмон ва кӯчаву хиёбонҳои тозабунёдаш шаҳрбоб хоҳад шуд.
Дар ин радиф хуб мебуд, ки оид ба азнавсозии қисман муассисаҳои таълимӣ, ки даҳсолаҳо пеш ба тариқи ҳашар сохта шудаанд, аз тарафи муассисаҳои дахлдор то рӯзи ҷашн чорае андешида ва амалӣ мешуд.
 
Убайдулло РАҲИМОВ, 
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.07.2015    №: 146    Мутолиа карданд: 1327
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед