logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо роҳбарону мутахассисони Неругоҳи барқи обии Роғун, шаҳри Роғун, 16 июли соли 2015

Муҳтарам сохтмончиёни неругоҳ!
Ҳозирони гиромӣ!
Чунонки медонед, Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаҳои вобаста ба сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун диққати махсус медиҳад. Ин масъалаҳо, ҳамчунин, дар маркази диққати Роҳбари давлат қарор дорад. Мулоқоти охирини мо бо сохтмончиёни неругоҳ моҳи июли соли 2012 доир гашта буд.
Дар ин муддат ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои додашуда ва нақшаи тасдиқшуда аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» ва вазорату идораҳои дахлдор хеле корҳо амалӣ гардидаанд.
Мо дирӯз ва имрӯз бо корҳои иҷрогардидаи иншоот шинос шудем. Бояд гуфт, ки натиҷаҳо ҳастанд. Вале барои иҷрои нақшаҳои муайянгардида кӯшиши боз ҳам зиёд ба харҷ додан зарур аст.
Бо мақсади натиҷагирӣ аз иҷрои дастуру супоришҳои қаблан додашуда ва баррасии масъалаҳои дарпешистода мо тасмим гирифтем, ки бо шумо – роҳбарону мутахассисон ва бунёдкорони неругоҳ машварати корӣ доир намоем.
Ҳозирони гиромӣ!
Аз шиносоии муфассал бо ҷараёни корҳои сохтмон, ки то имрӯз дар ин иншооти барои кишварамон ҳаётан муҳим анҷом дода шудаанд, бармеояд, ки раванди бунёди неругоҳ асосан тибқи нақшаи тасдиқшуда идома дорад. Бинобар ин, мехоҳам ба ҳамаи онҳое, ки дар бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун, яъне, иншооти тақдирсози мамлакатамон содиқона ва фидокорона заҳмат мекашанд, аз номи худ ва Ҳукумати Тоҷикистон сипосу миннатдорӣ изҳор намоям.
Дар баробари ин, лозим мешуморам, ки ҷиҳати суръат бахшидан ба корҳои дарпешистода мушкилоту масъалаҳои ҷойдоштаро ба таври мушаххас баррасӣ намоем, то ин ки иҷрои босифат ва саривақтии нақшаҳои навбатӣ таъмин карда шавад.
Тавре ки маълум аст, кишвари мо, ҳарчанд аз лиҳози захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад, вале махсусан даҳсолаҳои охир норасоии неруи барқ ба монеаи бузурги рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон табдил ёфта, бахусус, дар фаслҳои тирамоҳу зимистон мардуми кишвар ва соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба камбуди шадиди неруи барқ рӯ ба рӯ мешаванд.
Бо мақсади рафъи мушкилоти зикршуда ва истифодаи ҳарчи бештари захираҳои гидроэнергетикии мавҷуда ба хотири рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва таъмини аҳолӣ бо неруи барқ Ҳукумати Тоҷикистон таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакатро ҳадафи аввалини стратегии худ муайян карда, ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар намудааст. Бояд гуфт, ки бо вуҷуди чунин имкониятҳо татбиқи лоиҳаи бунёди иншооти ниҳоят зарури энергетикии кишвар бо сабабҳои гуногун то андозае кашол ёфт.
Лозим ба ёдоварист, ки дар муддати ҳафт соли охир ташхиси мустақили байналмилалии сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун ва арзёбии бехатарӣ ва таъсири экологиву иҷтимоии он аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ, коршиносони мустақили байналмилалӣ ва ширкату мутахассисони хориҷии соҳа анҷом дода шуд ва хулосае таҳия гардид, ки амалисозии лоиҳаи дорои аҳамияти бузурги иқтисодӣ, яъне, Неругоҳи барқи обии Роғун ҳам ба манфиати Тоҷикистон ва ҳам ба манфиати кишварҳои минтақа мебошад.
Аз ин лиҳоз, мо ҷиҳати ҳалли норасоии шадиди неруи барқ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани рушди босуботи иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишварамон бунёди ин иншооти тақдирсозро тибқи талаботи меъёрҳои байналмилалӣ идома медиҳем.
Бо мақсади дар сатҳи баланд ба иҷро расонидани корҳо, инчунин, ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани назорати корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмон моҳи январи соли 2015 бо Консорсиуми “Коен эт Беллие”-и Фаронса ва “Электроконсалт”-и Итолиё шартномаи хизматрасонии машваратӣ ба имзо расонида шуд ва идомаи корҳои лоиҳа бевосита бо иштирок ва назорати мушовирони байналмилалӣ амалӣ шуда истодааст.
Дар иртибот ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки имрӯз илова ба мушкилоти тағйирёбии иқлими сайёра таҳдиду хатарҳои фоҷиабори нав, аз қабили терроризму экстремизм, радикализм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромарзӣ дар бисёр минтақаву кишварҳои олам торафт вусъат пайдо карда, ба суботу амнияти аҳли башар таҳдид менамоянд.
Дар чунин шароит истифодаи оқилонаву самаранок ва манфиатовари ин неъмати бебаҳое, ки табиат барои мо фароҳам овардааст, на танҳо ба нафъи мардуми Тоҷикистон, балки ба манфиати кулли сокинони минтақа хизмат мекунад.
Махсусан, энергияи обӣ, ки манбаи барқароршавандаи энергия мебошад, аз ҷиҳати самаранокии иқтисодӣ ва экологӣ аҳамияти ниҳоят калон дорад. Чунон ки хотирнишон гардид, Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии ин лоиҳаи тақдирсоз минбаъд низ ҳамаи воситаву имкониятҳоро сафарбар менамояд.
Бояд гуфт, ки дар назди Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» аз соли 2011 инҷониб Шӯрои нозирон таъсис дода шудааст, ки он ҳамчун мақоми идоракунии ҷамъият роҳбарии умумии фаъолияти онро амалӣ намуда, иҷрои қарорҳои маҷлиси умумии саҳмдорони ҷамъиятро назорат мекунад.
Бинобар ин, ба Шӯрои нозирон зарур аст, ки ҳалли масъалаҳои марбут ба салоҳияти худро ҳамаҷониба ва сари вақт таъмин намояд.
Ҳамчунин, зарур аст, ки бунёдгарони неругоҳ иҷрои супоришу дастурҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва ҷадвали тақвимии корҳоро таъмин намуда, барои дар муҳлатҳои муқарраршуда ба истифода додани навбати аввали неругоҳ аз ҳамаи шароиту имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода баранд.
Ҷиҳати вусъат бахшидан ба иҷрои корҳо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба идоракунии сохтмони иншооти Неругоҳи барқи обии Роғун ташкил карда шудааст, ки роҳбарии онро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад.
Ҷаласаҳои ситод ҳар моҳ ду маротиба гузаронида мешаванд, ки дар онҳо масъалаҳои рафти иҷрои корҳои сохтмон, лоиҳакашӣ ва маблағгузории иншоот ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Бояд гуфт, ки таъсиси ситоди мазкур ба рафти корҳои сохтмон дар иншоот таъсири мусбат расонида, ба пешравии корҳо мусоидат намуда истодааст.
Вобаста ба ин, ба Ситоди ҷумҳуриявӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ (мушовирони ширкати «Коэн эт Беллие»), пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ, корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун иштирок доранд, иҷрои саривақтӣ ва босифати корҳоро дар иншоот ҷиддӣ назорат намоянд.
Илова бар ин, ба Комиссияи тафтишотии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун», Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Палатаи ҳисоб зарур аст, ки истифодаи самараноки маблағҳои ҷудогардидаро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.
Таъкид месозам, ки ҳар як сомонии бо ин мақсад ҷудогардида бояд самаранок истифода карда шуда, ба ҳолатҳои изофанависӣ қатъиян роҳ дода нашавад.
Ҳамзамон бо ин, масъалаҳои таъмини иншоот бо кормандони баландихтисосу соҳибтаҷрибаи муҳандисӣ, риояи нақшаҳои муҳандисиву технологӣ ва сифати масолеҳи сохтмонии истифодашаванда, инчунин, иҷрои баландсифати корҳо бояд таҳти назорати қатъӣ ва доимӣ қарор дошта бошанд.
Вобаста ба дастуру супоришҳои қаблӣ ва нақшаи чорабиниҳои амалкунанда хотирнишон месозам, ки самаранокии воситаҳои техникии мавҷуда ва истифодаи дурусти қувваи корӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад.
Дар баробари ин, ба Мудирияти минтақаи зериобшаванда зарур аст, ки ҳамаи масъалаҳои тибқи нақша пешбинигардидаро дар муҳлатҳои муқарраршуда ҳаллу фасл намояд.
Инчунин, ба кормандони муҳандисиву техникии Ҷамъияти саҳомии “Неругоҳи барқи обии Роғун” ва корхонаву ташкилотҳои пудратӣ зарур аст, ки ба масъалаи истифодаи дурусти меъёрҳо ва хизматрасониҳои техникӣ, махсусан, сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намоянд. Дар ин самт, ба мутахассисону масъулон зарур аст, ки назорати иҷрои лоиҳаҳои тасдиқшударо пурзӯр намоянд ва бовар дорам, ки бо истифода аз маҳорату малакаи мутахассисон ва таҷрибаи пешрафта тамоми талаботи техникиву технологӣ бо сифати аъло таъмин мегардад.
Илова бар ин, мутахассисони озмоишгоҳи марказии сохтмон, ки бо таҷҳизоти замонавии технологӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, бояд маводу масолеҳи истифодашаванда ва корҳои иҷрошавандаро мунтазам ва бо дарки масъулияти баланд назорат намоянд.
Дар баробари ин, муҳайё кардани шароити хуби кору истироҳат ва таъмини бехатарии корҳо дар сохтмон бояд ҳамеша дар мадди назари аввал бошад.
Бояд таъкид намуд, ки кору фаъолияти шабонарӯзӣ ва воқеан ватандӯстонаи ҳар яки шумо дар таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, мардуми шарифи кишвар номи шуморо ҳамеша пос хоҳанд дошт.
Ин беҳтарин баҳо ва қадрдонии заҳмати шумо хоҳад буд. Бинобар ин, ҳар як шахси масъул - аз роҳбарони иншоот ва ширкатҳои лоиҳакашиву пудратӣ то мутахассисону коргарон бояд бо ҳисси баланди масъулият дар назди халқи тоҷик хизмат намоянд ва дар хотир дошта бошанд, ки иштирок дар амалӣ намудани чунин лоиҳаи муҳиму тақдирсози миллат шарафу ифтихори бузург мебошад.
Дӯстони азиз!
Лозим ба ёдоварист, ки соли 2014 агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» ва агрегати якуми навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе – 2” бо иқтидори 220 мегаватт ба кор дароварда шуда, сохтмони навбати дуюми он оғоз гардид, ки соли 2016 бо дарназардошти навбати аввал бо иқтидори 400 мегаватт ба истифода дода мешавад. Вале ин чораҳо бо дарназардошти торафт афзоиш ёфтани аҳолӣ ва мунтазам зиёд шудани талаботи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба неруи барқ, хусусан, ҷиҳати таъмин намудани рушди саноат ҳанӯз кифоя нестанд.
Зеро неруи барқ ҳамчун омили асосии рушди соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла, саноати кишвар имрӯз масъалаи калидии ҳалли аксари мушкилот, хусусан, васеъ ба роҳ мондани истеҳсолоти саноатӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб меравад.
Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат амалисозии чандин лоиҳаҳои дигарро барои бунёди неругоҳҳои хурду миёна пайгирӣ карда истодааст.
Бори дигар хотирнишон месозам, ки ҳоло корҳои лоиҳакашии чандин неругоҳҳои барқи обӣ идома дошта, вақтҳои наздик сохтмони хатҳои интиқоли барқ ва бунёду барқарорсозии зеристгоҳҳои барқии ба нақша гирифташуда ба итмом расонида мешавад.
Дар ин раванд, татбиқи як қатор лоиҳаҳои муҳими давлатӣ, ки аҳамияти минтақавӣ доранд, аз ҷумла, сохтмони лоиҳаҳои бузурги байнидавлатии хати интиқоли барқи баландшиддати КАСА-1000 имкон медиҳад, ки неруи барқи обии дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ба рушди иқтисодиву иҷтимоии давлатҳои ҳамсоя низ мусоидат намояд.
Бояд таъкид намуд, ки истифодаи захираву имкониятҳои дохилии Тоҷикистон, махсусан, тавассути истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ ба роҳ мондани истеҳсоли неруи барқи арзон мустақиман ба рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодии кишвари мо, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва куллан беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Итминони комил дорам, ки дар ояндаи наздик ин иқдомҳои неки мо самараи созанда ба бор оварда, рушди дарозмуддату устувори иқтисодиву иҷтимоии кишварамонро таъмин хоҳанд кард.
Бинобар ин, нияти нек, дасту дили пок, неруи матин ва иродаи қавии ҳар яки шумо метавонад воқеан иншоотеро бунёд созад, ки ба нафъи мардум садсолаҳо хизмати шоён намояд.
Дар фарҷом ба ҳамаи мутахассисону сохтмончиёне, ки дар бунёди чунин иншооти муҳиму тақдирсоз саҳмгузорӣ доранд, аз ҷумла, ба ҳар яки шумо, ҳозирони гиромӣ, барори кору муваффақият орзу мекунам.
Бо истифода аз фурсат, ҳар яки шуморо ба ифтихори фарорасии Иди саиди Фитр, ки ҳоло мо дар арафаи он қарор дорем, бори дигар табрик гуфта, ба хонадони ҳар кадоматон хушбахтиву саодат ва файзу баракати рӯзгор мехоҳам.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.07.2015    №: 146    Мутолиа карданд: 1270
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед