logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

22 июл таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис, ки бо иштироки аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ сурат гирифт, масъалаи вазъи воқеии офатҳои табиӣ ва иҷрои корҳо оид ба бартараф кардани оқибатҳои он, ки рӯзҳои охир дар як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат сар зада, боиси хисороти моддӣ ва талафоти ҷонӣ гардид, баррасӣ шуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози маҷлис изҳор дошт, бар асари баланд шудани ҳарорати ҳаво, ки боиси об шудани пиряхҳо гардид, инчунин, боришоти рӯзҳои охир ва баланд шудани сатҳи дарёҳо дар як қатор минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияҳои Шуғнон ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Рашт, обхезӣ ба амал омад.
Сарвари давлат бо таассуф изҳор кард, ки дар баробари расондани хисороти зиёди моддӣ ба минтақаҳо, аз ин офатҳо ҳалокати одамон низ ба қайд гирифта шудааст.
Аз ҷумла, 6 нафар дар ноҳияи Ванҷ ва 1 нафар дар ноҳияи Рашт қурбони ин офатҳо гардиданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ин талафоти ҷонӣ мардуми кишварро бетараф гузошта наметавонад ва Сарвари давлат ба наздикони қурбониёни офати табиӣ изҳори ҳамдардӣ баён кард.
Дар маҷлис иттилоъ дода шуд, ки тибқи ҳисобҳои  пешакӣ  хисороти моддии офатҳои табиии рӯзҳои охир дар тамоми манотиқи кишвар 600 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар ноҳияи Шуғнон 72 ва дар ноҳияи Рашт 50 хона пурра ва 15 хона қисман вайрон шудааст.
Тавре зикр гардид, гарм шудани ҳаво ва боло рафтани оби дарёҳо дар Тоҷикистон фақат соли 1944 ба қайд гирифта шудааст ва тайи 70 соли охир чунин офат бори аввал мушоҳида мегардад.
Вобаста ба иҷрои корҳо оид ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ, расондани кумакҳои моддию маънавӣ ба зарардидагон ва фаъолияти комиссияи давлатию ситоди ҷумҳуриявӣ, ки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода  роҳбарии онро ба зимма дорад, ҳисобот дод.
Иттилоъ дода шуд, ки аз лаҳзаҳои нахустини сар задани офат бо супориши бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон фавран комиссияи ҳукуматӣ аз ҳисоби роҳбарони аввали вазорату кумитаҳои давлатӣ таъсис дода шуда, дар маҳали аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рашт фаъолият доранд ва ба мардум кумакҳои саривақтӣ мерасонанд.
Маълум гардид, ки аз офатҳои табиии рӯзҳои охир сарзада дар маҷмӯъ ба сокинони ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар минтақаи Рашт ба ноҳияҳои Рашт, Тавилдара, Ҷиргатол ва дар вилояти Суғд ба ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ низ хисорот ворид гаштааст.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдории сокинони зарардидаро расонид. Мардуми минтақаҳои зарардида дар суҳбат бо аъзои комиссияи давлатӣ ва ситоди ҷумҳуриявӣ изҳор доштаанд, ки дар ин лаҳзаҳои пурдаҳшату фоҷеабор онҳо худро танҳо ҳис намекунанд, зеро ҳамаҷониба аз кумаку ғамхории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдоранд ва бо дасту дили гарм, инчунин, иродаи қавӣ мушкилотро якҷоя паси сар мекунанд.
Баъди шунидани ҳисоботи Сарвазири мамлакат Президенти Ҷумҳурии Точикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ, бобати ҳарчи зудтар бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ, расондани кумакҳои моддӣ ба зарардидагон, ҷудо кардани замин барои сохтмони манзил, дастрасии онҳо ба маҳсулоти ғизоӣ, доруворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, сӯзишворӣ ва ғайра дастуру супоришҳо дод.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба комиссияи давлатӣ ва ситоди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ супориш дод, ки хонаҳои харобшуда то 6 ноябри соли равон пурра барқарор карда шаванд, то ашхосе, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ бехона мондаанд, соҳиби манзилҳои нав бо тарҳи меъмории хоси ин минтақаҳои мамлакат гарданд. Ҳамзамон, хонаҳои навсохт бояд бо тамоми ашёи рӯзгор муҷаҳҳаз ва аҳли ин оилаҳо бо сару либос таъмин шаванд.
Дастур дода шуд, ки тамоми масолеҳи сохтмонӣ ба зарардидагони офатҳои табиӣ аз ҳисоби давлат ройгон таъмин гардонида ва иншооти зарардида дар муддати кӯтоҳтарин барқарор карда шаванд. Барои сохтмони манзили зист ба сокинон аллакай аз ҷониби Ҳукумати мамлакат даҳҳо гектар замин ҷудо гардидааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки ба оилаҳои аз офат манзили зисташон пурра зарардида дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ ва ба нафароне, ки хонаҳояшон қисман хароб шудааст, дар ҳаҷми 6 ҳазор сомонӣ кумакҳои яквақтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расонда шавад.
Инчунин, ба Вазорати молия ва Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» супориш дода шуд, ки барои зарардидагони офати табиӣ суратҳисоби махсус бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ кушоянд, то ин ки мардуми саховатпешаи мамлакат барои бартараф кардани оқибатҳои офат ба ҳамдиёрони хеш кумак намоянд.
Ҳамчунин, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати маориф ва илм, Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Раёсати иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва дигар сохторҳои давлатӣ барои дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин бунёд кардани мактаб, бунгоҳи тиббӣ, мағозаи молҳои ниёзи аввал бо нархҳои дастрас ва сохтмони дигар инфрасохтори зарурӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ташкилоту муассисаҳо ва шахсони алоҳидаи саховатпеша баҳри бунёди манзили истиқоматӣ барои зарардидагон талош варзида, то охирин маҳсулоти зарурии рӯзгор ба онҳо кумак расонанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, дастур дод, ки ҳарчи зудтар хатти интиқоли неруи барқ, об, алоқа, роҳу пулҳо ва дигар шароити зарурии гигиенӣ барои сокинони минтақаҳои зарардида таъмин карда шавад.
Корҳои сохтмонӣ дар маҳали бунёди манзилҳои истиқоматӣ вусъат дода шуда, аз натиҷааш ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот пешниҳод карда шавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, дар бораи фаъолияти ҳамарӯзаи комиссияи давлатӣ ва ситоди ҷумҳуриявӣ дар минтақаҳои зарардида ба масъулони Ҳукумати мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Барои расондани кумакҳои пулӣ Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, Ширкати «Тоҷиксуғурта», сарфи назар аз доштани шартномаи суғурта, Вазорати молия ва дигар ташкилотҳои дахлдор дастур гирифтанд, ки баъди пурра муайян кардани рӯйхати зарардидагон ҳарчи зудтар маблағҳои иҷтимоӣ дастрас карда шаванд, то ин ки мардум барои рафъи камбудиҳо танқисӣ накашанд.
Масъалаи барқарор кардани ҳуҷҷатҳои гумшудаи сокинон низ аз дастурҳои муҳими Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон буд.
Як қатор сохторҳои дигари давлатӣ аз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур гирифтанд, ки барои таҳияи тарҳи меъмории манзилҳои зист, ҳаҷми маҳсулоти зарурии сохтмонӣ, сӯзишворӣ, маҳсулоти хӯрока, сару либос, доруворӣ ва дигар ашёи зарурӣ ба комиссияи давлатӣ ва ситоди ҷумҳуриявӣ дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин маълумот пешниҳод намоянд.
Агентии захираҳои моддӣ ва Раёсати иттифоқи «Тоҷикматлубот» барои захираи ҳарчи бештари маҳсулоти хӯрока дар маҳалҳо вазифадор гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби Агентии захираҳои моддӣ аллакай қатори мошинҳои пурбор, аз қабили маҳсулоти хӯрока ва сӯзишворию масолеҳи сохтмонӣ ба минтақаҳои зарардида раҳсипор гардидааст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, супориш дод, ки барои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва таъмиру сохтмони пулҳо лоиҳаҳои мукаммал таҳия ва ба Ҳукумат пешниҳод намоянд, зеро тарҳи пулу роҳҳое, ки замони шӯравӣ таҳия ва сохта шудааст, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, дастур дод, ки ҳарчи зудтар ба минтақаҳои аз офат зарардида техникаҳои пуриқтидори зарурӣ сафарбар карда шавад, то ки маҷрои дарёҳо тоза ва дигар иншооти харобгашта, барқарор гарданд.
Супоришҳои дигар, ҳамчунин, оид ба пурзӯр кардани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, пешгирии обхезӣ ва корҳои фаҳмондадиҳию огоҳонидани шаҳрвандон тавассути радио ва телевизион аз хатарҳои офатҳои табиӣ дода шуд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.07.2015    №: 148    Мутолиа карданд: 13093
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед