logo

мулоқотҳо

Ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Австралия рушд меёбанд

23 апрел  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири фавқулодда ва мухтори Австралия дар Тоҷикистон Маргарет Эйлин Тумӣ эътимоднома қабул намуд.
Зимни сӯҳбати Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо  Маргарет Эйлин Тумӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону  Австралия баррасӣ ёфтанд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону  Австралия ҳамчунин метавонанд робитаҳои густурдаи сиёсӣ дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дошта бошанд.
-Мубодилаи тиҷоратии миёни ду кишвар, ки ҳаҷми он дар соли гузашта наздики 35 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, нишона аз имконоти васеи рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону  Австралия аст, - изҳор дошт Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон.
Мусоҳибон баҳри тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, кишоварзӣ ва истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Дар мулоқот атрофи авзои кунунии Афғонистон ва мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир табодули назар  шуд. 

х х х
- Мо бо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари матраҳ намудани масъалаҳои вобаста ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, ҳамзамон имкониятҳои густариши муносибатҳоямонро дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор додем, - гуфт Сафири фавқулодда ва мухтори Австралия дар Тоҷикистон хонум Маргарет Эйлин Тумӣ зимни вохӯрӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма.
Масоили марбут ба терроризм, хариду фурӯши одамон, ҳуқуқи инсон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки сарчашмааш Афғонистон аст, дар маркази таваҷҷӯҳи мо қарор дошт. Мо талошҳои пайгиронаи Тоҷикистонро дар  роҳи ҳалли ин мушкилот чи дар сатҳи минтақавӣ ва чи дар доираи чорабиниҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ба вижа СММ қадр менамоем.

Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2079
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед