logo

мулоқотҳо

Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷейм Ямбао эътимоднома қабул кард

23 апрел  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Филиппин дар Тоҷикистон Ҷейм Ямбао эътимоднома қабул намуд.
Дар сӯҳбати Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷейм Ямбао роҳҳои таҳкиму густариши муносибатҳои Тоҷикистону Филиппин баррасӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки барои густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангии миёни Тоҷикистону Филиппин имкону захираҳои фаровон мавҷуданд ва онҳо бояд мавриди истифода қарор гиранд.
Бахшҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ, кимиё ва ҳамчунин мубодилаҳои илмию фарҳангӣ барои ҳар ду кишвар судовар маънидод гардиданд.

х х х
Ҷейм Ямбао, Сафири фавқулодда ва мухтори Филиппин дар Тоҷикистон, баъди анҷоми мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хабарнигорон гуфт, ки ҳар ду мамлакат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва мазмуни ҳамкориҳои мутақобилан судманди гуногунсоҳа манфиатдор аст. Барои ҳарчи тезтар ба ин ҳадаф расидан пеш аз ҳама ҳайатҳои воломақоми Тоҷикистону Филиппин бояд ба мамлакатҳои ҳамдигар ташриф оварда, бо шароиту имкониятҳои мавҷуда аз наздик ошно гарданд.
-Мо ба густариши робитаҳои тиҷорӣ беш аз ҳарвақта ниёз дорем ва  дар назди худ мақсад гузоштаем, ки соҳибкорону тоҷирони кишвари шуморо ба бозори молу маҳсулоти Филиппин ҷалб намоем. Филиппин узви яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ – Иттиҳоди ҳамкории давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ мебошад ва дар чаҳорчӯбаи созишномаи тиҷоратии он дар минтақа нақши муҳим мебозад.
Айни замон мо дар марҳилаи баррасии лоиҳаи Созишнома оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва ҳимояи сармоягузорӣ қарор дорем, - иброз дошт сафири Филиппин дар Тоҷикистон.

Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2024
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед