logo

мулоқотҳо

Президент вазири давлатии Туркияро ба ҳузур пазируфт

22 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири давлатии Ҷумҳурии Туркия Мустафо Саид Язиҷиоғлуро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар дар партави сафари пешомади Президенти Туркия Абдулло Гул ба Тоҷикистон баррасӣ ёфтанд.
-Мо аз сатҳи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркия ва рушди пайвастаи онҳо қаноатмандем, - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон  ва ҳамзамон таъкид бар он дошт, ки натиҷаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар ба имкону захираҳои мавҷуда мувофиқат намекунанд.
Ҳамчунин изҳори боварӣ  шуд, ки сафари пешомади Президенти Туркия Абдулло Гул ба Тоҷикистон таконбахши ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар хоҳад шуд.
Ҷоннок намудани фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва Шӯрои соҳибкории ду кишвар зарур шумурда шуд.
Таъкид гардид, ки таҳкиму густариши ҳамкориҳо дар бунёди иншооти гидроэнергетикӣ, роҳҳои оҳану мошингард,  корхонаҳои муштараки саноатӣ ва муассисаҳои тиҷоратию хизматрасонӣ ва рушди туризм дар Тоҷикистон барои ҳар  ду ҷониб судовар хоҳанд буд.
Гуфтугӯи судманд ҳамчунин атрофи имконоти рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илму фарҳанг ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо сурат гирифт.

х х х
Вазири давлатии Ҷумҳурии Туркия Мустафо Саид Язиҷиоғлу пас аз дидору гуфтугӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбат ба намояндагони ВАО иброз дошт, ки ӯ ва ҳайати ҳамроҳонаш ҷиҳати иштирок дар маҷлиси 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия ба кишвари мо ташриф овардаанд. Бино ба гуфти ӯ айни замон ҳаҷми мубодилаи мол байни ҳар ду мамлакат тақрибан 430 миллион долларро ташкил медиҳад, ки ҷонибҳо аз он қаноатманд нестанд.
Дар мулоқот бо Ҷаноби Олӣ, Сардори давлати Тоҷикистон, мо як қатор масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла роҳҳои коҳиш додани бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва рушди энергетика ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ вобаста ба нерӯи офтоб ва ҳаворо матраҳ сохтем.
Ман ба Ҷаноби Президент дар хусуси равнақи туризм дар Тоҷикистон андешаҳоямро баён кардам. Мо дар ин самт таҷрибаи бой дорем. Соли 2008 Туркия беш аз 26 миллион сайёҳро қабул намуд. Ва мо аз ин ҳисоб 22 миллиард доллари ИМА фоида дидем.
Бо итминон мегӯям, ки сафари қарибулвуқӯи Президенти Туркия Абдулло Гул ба Тоҷикистон дар рушди муносибатҳои гуногунсоҳаи ҳар ду мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад.

Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2078
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед