logo

ҳукумат

МО ТАВОНИСТЕМ БА РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ НОИЛ ГАРДЕМ

27 июл таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва дар оғоз масъалаи кадрҳо баррасӣ гашта, аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” тасдиқ карда шуданд.

Ба рӯзномаи маҷлис беш аз 30 масъалаи муҳим барои баррасӣ пешниҳод шуд.
Нахуст директори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” доир ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008, таҳти рақами 107 гузориш дод.
Зикр гашт, ки  корхона мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизингӣ)” қонеъ гардонидани талаботи хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ, корхонаю ташкилотҳои соҳаи кишоварзии ҳама гуна шакли моликият то имрӯз 886 хоҷагиҳои деҳқонию фермерии ҷумҳуриро, аз тариқи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) бо 705 адад трактору комбайн, 556 адад таҷҳизоти гуногуни кишоварзӣ бо маблағи 90,3 миллион сомонӣ таъмин кардааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки баҳри иҷрои пурраи вазифаҳои дар назди корхона гузошташуда масъулони Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг”-ро зарур аст, ки ҳамкориро бо вазорату идора ва дигар ниҳодҳои давлатӣ пурзӯр намоянд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои бозгардиш, назорати маблағҳо, набудани марказҳои хизматрасонии техникӣ бо таҷҳизоти зарурӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо, ташкили истеҳсоли қисмҳои эҳтиётию зарурии техникаҳои кишоварзӣ дар корхонаҳои худӣ, ҷалби мутахассисон ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар соҳа ба масъулони вазорату идораҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки баъди ба гардиш даровардани заминҳои кишт ҳаҷми кор зиёд шуд ва техникаҳои мавҷуда дар кишвар басанда нест, бинобар ин, зарурати ҳарчи бештар ворид кардани техникаҳои кишоварзӣ ба миён омадааст.
Ҳамкории корхона бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ зарур шумурда шуд.
Доир ба Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2018 гузориши вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки мақсад аз қабули лоиҳаи мазкур банақшагирии босамари рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва таъмини устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва инчунин, таҳияи босифати Буҷети давлатӣ барои давраи миёнамуҳлат мебошад.
Таъкид гардид, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи санади мазкур дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, вазъи иқтисодии ҷаҳон ва тағйирёбии нарх дар бозорҳои ҷаҳонии молию ашёӣ ба инобат гирифта шудаанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои босифати ин дурнамо ва таҳлили боз ҳам амиқи нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат, инчунин, таҳияи санади мукаммал ба вазорату идораҳои дахлдори кишвар дастур дод.
Супориш шуд, ки ҳангоми таҳияи ин санад афзоиши аҳолӣ, истеъмолкунандагон ва тағйирёбии нархи бозорҳо ба инобат гирифта шаванд.
Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2018 аз ҷониби аъзои Ҳукумати мамлакат қабул шуд.
Дар маҷлис лоиҳаи қонунҳо «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ”, “Дар бораи боҷи давлатӣ” муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд. 
Ҳамчунин, масъалаҳо «Дар бораи Стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҷудо кардани грантҳои хурд ҷиҳати ҷалби донишҷӯён ба таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва кашфиёту ихтироъкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифта, маъқул дониста шуданд.
Дар хотимаи маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди мамлакат, иҷрои нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додашударо таҳлилу баррасӣ карда, ба аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ барои иҷрои саривақтию босамари корҳо супоришҳои мушаххас дод.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки новобаста аз таъсири омилҳои беруна, бо истифодаи пурсамар аз имкону захираҳои дохилӣ, мо тавонистем ба ҳадафҳои муайяни худ оид ба рушди иқтисодиёти мамлакат ноил гардем. Дар баробари ин, бояд минбаъд низ аз тамоми имкониятҳои истифоданагардида барои манфиати давлату миллат самаранок баҳрабардорӣ карда шавад.
Иҷрои барномаҳои муҳими давлатӣ, стратегияҳои рушд, тадбирҳои дигар барои рушди кишвар зарур шумурда шуд. Супоришҳои муҳим, инчунин, оид ба истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, ҳарчи зудтар бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Рашт ва омодагии ҳамаҷониба барои давраи зимистони солҳои 2015-2016 ба ҳамаи бахшҳои мамлакат дода шуд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.07.2015    №: 152    Мутолиа карданд: 12903
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед