номаҳо
Ӯ ҲИММАТБАЛАНД АСТ
Ҷавонмарди саховатпеша Шамсиддин Ҷобиров бо мақсади беҳдошти ҳифзи сиҳатии мардум дар деҳаи Тӯғай бунгоҳи тиббӣ, дар деҳаи Оқҷар Маркази саломатӣ барои 15 ҷойи корӣ ва дар деҳаи Заркамар бунгоҳи тиббӣ сохта, ба истифода дод. Аз ин ҳиммати ӯ мушкили мардум осон шуда, нисбаташ суханони нек мегӯянд.
Ин ҷавонмарди некхоҳу миллатдӯст дар ҳар як ҷашни Наврӯз ба кори хайр даст мезанад. Бо дастгирии ӯ 110 нафар кӯдакони оилаҳои камбизоати Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ хатнасур карда шуданд.
Мо, албатта, бо чунин ҷавонмарди хайрхоҳ ифтихор мекунем. Беҳуда нест, ки гуфтаанд:
Ҳар кӣ бо меҳру вафо бар халқ хизмат мекунад,
Номи худро сархати девони миллат мекунад.
Раҷабалӣ ШОКИРОВ,
Раҳими РАФЕЪЗОД, ноҳияи Восеъ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.08.2015 №: 160 Мутолиа карданд: 1319