номаҳо
НАРХҲО НАЗОРАТ МЕШАВАНД?
Дар бозорҳои кишвар чун нархҳои сабзавоту меваҷот андак боло меравад, бо таассуф изҳори нигаронӣ мекунем. Ман ба ин зид нестам. Бояд чунин ҳам бошад. Тааҷҷуби ман аз он аст, ки нархи бисёре аз маҳсулот дар супер-маркетҳои мамлакат дар ин як моҳ ба чандин сомонӣ боло рафтаасту касе аз он чизе намегӯяд. Масъулон ҳам гӯиё аз ин огоҳ нестанд. Ва ё ҳеҷ гоҳ таҳқиқ намегузаронанд. Пас, чӣ кор бояд бикунем? Одат?! Ва ин ҳама беинсофиро қабул бидорему хуш бипазирем? Ҳуқуқи моро дар чунин мавридҳо кӣ ҳимоя мекунад? Ба кӣ арзу шикоят бибарем?
Дарёфти ин ҳақиқат кори мушкил нест. Садҳо далел барои исботи он овардан мумкин аст. Аз масъулон хоҳиш менамоям, ки ақаллан як бор дар мавриди болоравии танҳо як чойи хушки сабз таҳқиқ бигузаронанд. Шарт нест, ки дар ин бора ба ман маълумот бидиҳанду посух бигӯянд. Худашон кореро анҷом медиҳанд ва дар бораи нархҳо маълумоти дуруст ба даст меоваранд.
Б. АВАЗОВ, ноҳияи Ҳисор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.08.2015 №: 160 Мутолиа карданд: 1246