номаҳо
ШАРМ ДОШТАМ
Дар рӯзи баргузории Анҷумани навбатии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, яъне, 30 июни соли равон китоби «Адибони Тоҷикистон» - ро бо нархи барои омӯзгор гарон ҳам бошад, харидам. Ба шогирдон ҳангоми дарс бояд дар бораи адибони муосир маълумоти дуруст бидиҳам. Чун дар хона китобро мутолиа кардам, умедам чун коҳ ба бод рафт. Он бо ғалатҳои зиёди фоҳиш ба табъ расида буд. Талаботи қомуснигорӣ дар он риоя нагардидааст. Солҳои тавлиди бархе аз адибон нодуруст оварда шудааст. Яке аз адибони иштирокдори ин анҷуман тибқи маълумоти китоби мазкур чанд сол пештар оламро падруд гуфтааст.
Ба ростӣ, аз омода кардану нашри ин китоб ҳамчун як хонанда ва омӯзгори мактаб бисёр шарм доштам. Масъулон ҳам оё шарм карда бошанд? Ва дар андешаи чопи беғалату ҷавобгӯи талаботи он ҳастанд? Агар китоби адибон ба ин ҳол бошад, вою сад вой ба китобҳои дигар.
Н.КАРИМОВ, шаҳри Қӯрғонтеппа
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.08.2015 №: 160 Мутолиа карданд: 1376