номаҳо
НИГАРОНӢ ТО БА КАЙ?
Соли нави хониш якуми сентябр оғоз мешавад. Албатта, фарорасии онро чун як рӯзи ид бо шодию масаррат бояд интизор гардид. Мутаассифона, чунин нест. Чаро? Чунки нигарониҳои мо боз бар асари ҷамъовариҳои пул оғоз меёбад. Қариб моҳе вуҷуд надорад, ки бо ҳар сабаб фарзандони мактабхонамон аз мо барои мактабу омӯзгорону масъулон пул напурсанд. Пештар медонистему азёд карда будем, ки кадом рӯзҳо ва барои чи корҳо чи қадар маблағ ҷамъ биёрем. Чанд соли охир дигар ин сарҳисобро гум намудаем. Сол ба сол ҳол бадтар мешаваду хубтар не. Арзу шикоят ба шахсони масъул дар ин бора ҳеҷ суд набахшид. Ва ҳам то ба кай арзу шикоят намоем? Он низ дар ҳоле, ки нафъ намеорад ва турову фарзандонатро пас аз он ба дидаи таҳқир менигаранд. Аз ин вазъи ногувор, фикр мекунам, ки ҳамаи масъулон огоҳанд, чун он хоси як мактабу як шаҳру ноҳия нест. Мисли заҳрпечак ба ҳама ҷо давидаааст. Ҷойи таассуф дар он мебошад, ки фарзандони мо аз хурдсолӣ дар муҳити фасод ба воя мерасанд ва таъсири ин амалҳои баду нангин ҳатман ба кору зиндагии ояндаашон мерасад.
Н. АБРОРОВ, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.08.2015 №: 160 Мутолиа карданд: 1380