номаҳо
САНГЕ, КИ ЯК ОИЛАРО ШИКАСТ ОВАРД
Ба Донишкадаи такмили ихтисоси ҷумҳуриявӣ барои таҳсил рафта будем. Як саҳарӣ бо ҳамгурӯҳон бо мақсади ба дарс рафтан ба автобус нишаста, бо як ифтихори ватандорӣ, бо як олам завқу шавқ ба сохтмонҳою ободкориҳо назар афкандам. Инчунин, чашмам ба тирезаҳои истгоҳҳо расид, ки ҳамаи онҳо зарб хӯрда, шикаста буданд. Ба ҳамроҳам нигариста гуфтам: - Ба кӣ лозим буд ин вайронкориҳо?
Ҷавоби ин саволро ман худи ҳамон рӯз аз устоде, ки ба мо дарс мегузашт, гирифтам.
Мавзӯъ дар бораи тарбияи ватандӯстии ҷавонон буд. Устод дар равиши дарс ин воқеаро нақл кард:
- Рӯзе санъаткори хориҷӣ дар боғи истироҳатии шаҳр бояд консерт баргузор мекард. Бо сабабҳои номаълум он баргузор нашуд. Як гурӯҳ ҷавонон аз ин норозӣ шуда, ба кӯча баромаданд ва тирезаҳои истгоҳу мошинҳоро бо сангҳо зада шикастанд. Авбошонро дастгир намуда, ба ҷавобгарӣ кашиданд. Ҷавоне, ки барои ин кирдораш 3 солу 6 моҳ ҷазо гирифта буд, чунин нақл кард:
- Ман танҳо як санг партофтам. Падарам, ки корманди прокуратура буд, бо сабаби беандешагии ман аз кор рафт. Бародарам нав хонданро тамом карда, орзуи дар мақомоти қудратӣ кор карданро дошт. Ӯро ба кор напазируфтанд. Бародарам маҷбур шуд, ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия равад. Дар он ҷо ба дасти скинхедҳо афтиду ӯро куштанд. Барои ба Ватан овардани мурдаи бародарам падарам қарз гирифта, ба ин кишвар рафт. Баъд аз овардани ҷисми беҷони бародарам, аз ин ғамҳо падару модарам бемору бистарӣ шуданд.
Хулоса, як санге, ки ман ҳаво дода будам, як оиларо шикаст овард.
М. КАРИМОВА, ноҳияи Ҷаббор Расулов
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.08.2015 №: 160 Мутолиа карданд: 1456