logo

маориф

ОЁ ОМӮЗГОРОНИ СИНФИ ТАЙЁРӢ МОҲОНА МЕГИРАНД?

Аз сеюми августи соли равон дар мактабҳои ноҳияи Шуғнон таҳсили кӯдакони синнашон аз 6 то 7- сола оғоз шуд, аммо ҳамсолони ин кӯдакон дар маркази вилоят ҳанӯз ба таҳсил шурӯъ накардаанд.  Омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии рақами 14 - и  ноҳияи Шуғнон  Сангина Атомамадова гуфт, ки ин дастур ба мо дар моҳи май дастрас гардид, ки дар он оид ба ҳаққи  хизмати омӯзгорон ишорае нарафтааст. Оё мо ройгон ба кӯдакон таълим медиҳем ва ё дар ивазаш маош ба даст меорем… Ба ҳар ҳол мо ба таълим оғоз намудем ва умедворем дар ин бора Вазорати маориф  ва илм чора меандешад.  Азбаски деҳаи мо хурд аст, тавонистем дар зудтарин фурсат  як қисми кӯдаконро ба таҳсил фаро гирем. Ҳоло аз 24 нафар 18 нафар дар дарсҳо ҳузур доранд. Боқимонда ҳамроҳи волидонашон ба манотиқи мухталифи кишвар ба сафар баромадаанд ва дар рӯзҳои наздик бармегарданд.
Дар ҳамин ҳол  дари аксарияти мактабҳои шаҳр ба рӯи кӯдакон баста аст ва омӯзгорон дар рухсатии меҳнатӣ мебошанд. Сармутахассиси Раёсати маорифи вилоят Отамшо Мақбулшоев мегӯяд, ки барномаи низоми нави таълимиро дастрас кардем, аммо дастурҳо, аз ҷумла оид ба бозхонии омӯзгорон аз рухсатии меҳнатӣ ва пардохти маоши онҳо, ҳанӯз номаълум боқӣ мемонад.   Омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ маош мегиранд  ё ифтихорӣ корашонро анҷом медиҳанд, саволи матраҳ аст. Дар дастурамали Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар ин бора маълумоте ироа нашудааст. Фақат гуфта шудааст, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ин раванд минбаъд дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ҳатмӣ гардонда мешавад. Пас агар ин барнома дарозмуддат аст, бояд тадбире дар бораи  маблағгузории он  аз тарафи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ  андешида мешуд. Алъон дар баъзе аз макотиби шаҳр кӯдакон ба таҳсил фаро гирифта шуданд ва дар қисме аз онҳо дар рӯзҳои наздик таълим оғоз хоҳад шуд. Масъули раёсати маориф гуфт, ки дар ВМКБ аз чанд сол боз синфҳои тайёрӣ барои кӯдакони 6 - сола фаъолият доранд ва онҳо дар давоми як сол таҳсил намуда, баъдан ба синфи 1 мегузаранд. Ин низом танҳо дар вилояти мо бо мақсади омӯзиши беҳтари  забони давлатӣ  роҳандозӣ шудааст. Зеро аксари кӯдаконе, ки ба таҳсил дар синфи аввал  шурӯъ мекунанд, бо забони давлатӣ дуруст муошират карда наметавонанд. Ба ҷуз ин, чаҳор сол пеш дар ҳудуди вилоят марказҳои рушди барвақтии кӯдакон ба фаъолият пардохтанд, ки алъон шумораашон то ба 146 адад расида, дар онҳо бештар аз 3500 кӯдакон таълиму тарбия мегиранд. Музди меҳнати 277 нафар аз мураббиёнро худи волидон пардохт мекунанд.
Сармутахассиси Раёсати маорифи вилоят гуфт, ки мо ҳанӯз намедонем ба суоли   омӯзгорони синфҳои тайёрӣ дар мавриди пардохти ҳаққи заҳмати  онҳо чӣ гуна посух диҳем. Шояд дар пайдо кардани ҷавоби ин суол муаллифони барномаи мазкур ба мо ёрӣ расонанд.
Файз БОВАР, Хоруғ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.08.2015    №: 161    Мутолиа карданд: 1352
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед