logo

туризм

Истамбул – як по дар Аврупо, як по дар Осиё

50 шаҳри машҳуртарини ҷаҳон

Истамбул (дар гузашта Константинопол) дар ҳисоби шаҳрҳои куҳантарини ҷаҳон буда, дорои ёдгориҳои таърихии бешумор аст. Ин ҷо тӯли ҳазорсолаҳо маркази империяи Византия воқеъ гашта буд. Истамбул дар рӯи замин ягона шаҳрест, ки ҳамзамон дар ду қитъа – Аврупо ва Осиё ҷойгир мебошад. Ин ҷо Шарқу Ғарб, ислом ва насоро аз ҳам ҷудо мешаванд. Аз нигоҳи арзишҳои фарҳангиву таърихӣ Истамбулро, ки пойтахти чаҳор империя будааст, метавон ба Рим баробар кард.
Шаҳр-муаммо, шаҳр-ривоят, шаҳр-китоби ҳайратовар, ки аз сӯи муаллифи номаълум ба забони номаълум навишта шудааст. Теофил Готйе навиштааст: «Ин шаҳр ончунон ғайримуқаррарӣ ва дилрабост, ки беихтиёр ба воқеияти он шубҳа мекунӣ». Константинопол кайҳо боз вуҷуд надорад, вале, аз сӯи дигар, он дар паҳлӯи мо боқӣ мондааст ва аз бузургиҳои даврони гузашта ва дар бораи аз куҷо ба Руси киевӣ омадани масеҳият ҳикоят мекунад.
Муқаддасоти пойтахти куҳани Палеологҳо аз рӯи замин гум нагаштаанд – онҳо ба мавзӯи ифтихор ва шоҳкориҳои меъмории ҷаҳони ислом табдил ёфтаанд. Акнун он ҳама ба Истамбул мансубанд, вале таърих намемонад фаромӯш шавад, ки онҳо боқимондаҳои Константинопол, ё худ, чунонки славянҳо онро ном мегирифтанд, Сарград ҳастанд.
Даврони таъсисёбии Константинопол дар торикии асрҳо ноаён аст. Боқимондаҳои нахустин бошишгоҳҳо, ки дар қисмати осиёии шаҳр пайдо шудаанд, ба замони неолит мутааллиқанд ва он чӣ аз атрофи кохи машҳури Топкапи ёфтаанд – ба аҳди биринҷ. Он рӯзгорон, ки дар Иерусалим (Байтулмуқаддас) Довуд ва Сулаймон подшоҳӣ мекарданд, ин ҷо шаҳраке  бо номи Семистра (тақрибан 1000 сол пеш аз милоди Масеҳ) мавҷуд буд. Соли 680-и то милоди Масеҳ (м.м.) ба ин ҷо магаресҳо омаданд ва дар соҳили осиёии Босфор Калхедонро сохтанд. Баъди ҳашт сол колонинишинҳо таҳти сарварии Визант ҳудудеро, ки дар қисмати аврупоӣ дар рӯбарӯи ин истиқоматгоҳ ҷойгир буд, ишғол намуданд. Шаҳре сохтанд ва он Византий – номи бунёдгузори худро гирифт. Соли 146-и то м.м. шаҳр ба ҳайати империяи Рим шомил шуд ва соли 326-и милодӣ пойтахти он гашт.
Соли 330 император Константини Бузург ин ҷо ба сохтмони азиме пардохт ва Византий тағйири ном кард – Константинопол шуд. 11 майи ҳамон сол онро пойтахти дувуми ҷаҳон эълон намуданд. Худи Константин ва модари ӯ, насронии мутаассиб, ба ҳар роҳе ба густариши ин таълимот дар шаҳр мусоидат мекарданд ва соли 391 масеҳият мақоми дини давлатиро соҳиб гашт. Соли 395 Константинопол ба дили империяи Византия табдил ёфт. Муаррихон навиштаанд, ки пойтахтҳои давлатҳо ва шоҳигариҳои Аврупо ҳамон солҳо дар қиёс ба Константинопол деҳаеро мемонданд. Зимнан, аз ҳамин ҷо ба Рус уқоби дусараро (ҳамчун тӯҳфаи малика Софияи Палеолог) бурдаанд.
Шаҳр торафт азимтар мешуд ва садаи IX дар он аллакай як миллион одам зиндагӣ мекард.
Константинопол рӯзгори сангине ба сар доштааст: аз соли 666 то 870 арабҳо онро ҳашт бор муҳосира карданд; соли 1054 калисоҳои насрониҳои католик ва бунёдгаро аз ҳам ҷудо шуданд ва шаҳр ба маркази православия табдил ёфт; асрҳои XI ва XII ин ҷо венетсиягиҳо ва генуягиҳо давр меронданд; соли 1204 он аз сӯи лотиниҳо, ки ҷанги чоруми салибӣ эълон карда буданд, мавриди ғорат қарор гирифт. Охирҳои садаи XVI усмониҳо ба муҳосираи шаҳр оғоз карданд. Ва 29 майи соли 1453 нерӯҳои усмонӣ таҳти фармондеҳии Муҳаммади II (Фотеҳ) шаҳрро ишғол намуданд. Аз ҳамон вақт Константинопол ба худ номи Истамбулро гирифт. Соли 1517 ин ҷо хилофат ҷорӣ шуд ва шаҳр дигарбора ба маркази ҷаҳон табдил ёфт. Ин дафъа – ба маркази ҷаҳони ислом.
Дар рӯзҳои мо пойтахти Туркия ба Анкара кӯчида бошад ҳам, Истамбул арзиши худро ҳамчун ганҷинаи таърихӣ аз даст надодааст.
Саёҳати худро дар Истамбул аз зиёрати диданитарин иншооти шаҳр– масҷиди Айя-София оғоз мекунем. Ин ёдгории қадим дар замони сохта шуданаш Софияи Муқаддас ном дошт ва бузургтарин маъбади насронӣ ба шумор мерафт.  Ба андешаи эҷодгаронаш ин калисо бояд дар зебоӣ ва бузургӣ аз калисои Иерусалим мегузашт. Миёнаҳои садаи  X ин ҷо дар ибодатҳо маликаи Киев Олга ҳузур доштааст ва мафтуни зебоии маросим ва худи сохтмон гашта, масеҳиятро пазируфтааст. Умуман, Софияи Муқаддас аз нигоҳи бузургӣ ва аҳамият осорхонаи чаҳоруми ҷаҳон маҳсуб меёбад. Аз он болотар танҳо калисоҳои Павели Муқаддаси Лондон, Пётри Муқаддаси Рим ва Хонаи Милан ҷо гирифтаанд. Аммо ин ҷо бояд ёдовар шуд, ки  куҳантарини онҳо аз калисои Константинопол 1000 сол «ҷавонтар» аст.
Бори охирин православҳо дар калисои Софияи Муқаддас 29 майи соли 1453 ибодат ба ҷо овардаанд. Рӯзи 3 июн, яъне баъди 5 рӯз бошад, Муҳаммади Фотеҳ дар он намози рӯзи ҷумъаро хонд ва амр кард, ки калисо ба масҷид табдил дода шавад. Онро Айя-София (Хирадмандии Илоҳӣ) ном ниҳоданд, барояш манораҳо сохтанд…
Кохи  Топкапи (солҳои 1475-1478) – дигар аз ҷойҳои хеле дидании шаҳр дар пойдевори қасри қадимаи византӣ сохта шудааст. Масоҳати бино 700 000 метри мураббаъ буда, 5 километр дарозӣ дорад ( ки ду баробари Ватикан аст). Тӯли 400 сол ин кох маркази маъмурии давлати  усмонӣ- яке аз се империяи бузургтарини ҷаҳонӣ буд. Сохтмони он то садаи XIX идома ёфтааст. Теъдоди сокинони он ба 5000 нафар мерасидааст. Акнун Топкапи яке сермуштаритарин осорхонаҳои ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ҳар як зиёратгари кох аз имконияти дидани ҳарами ҳокимони усмонӣ истифода мебарад. Барои он масоҳати иборат аз 6700 метри мураббаъ ҷудо шуда буд.  Ҳарам дорои 3000 ҳуҷра, 46 ҳоҷатхона, 8 ҳаммоми туркӣ, 4 ошхона, 2 масҷид, 6 анбори хӯрока, ҳавзи шиноварӣ ва табобатгоҳ будааст.
Аз калисоҳое, ки Истамбулро зиннат мебахшанд, месазад масҷидҳои Меҳримоҳ, Салими Фотеҳ, Аюб, Шоҳзода, Рустамподшоҳ, мадрасаи Боязид, қалъаҳои Анадолуҳисорӣ ва Румелиҳисориро зиёрат намоем. Мақбараи Гулбаҳор- ҳамсари Муҳаммади Фотеҳ ҳам хеле ҷолиб ва мафтункунанда аст.
Истамбули имрӯза шаҳри бузургест, ки дар он биноҳои муосир ва ёдгориҳои куҳани меъморӣ хеле тавъам омадаанд. Шаҳр дар масоҳати 7500 километри мураббаъ доман паҳн карда, 150 километр дарозӣ ва 50 километр бар дорад, ҳар сол дар шаҳр 1000 кӯчаи нав пайдо мешавад, ҳар 12 сол баъд аҳолии он ду баробар меафзояд, ҳар сокини панҷуми Туркия, ки беш аз 70 миллион нафар аҳолӣ дорад, дар Истамбул зиндагонӣ мекунад, ҳар сол ба ин шаҳр 1,5 миллион сайёҳ ва соҳибкори хориҷӣ меояд. Пули машҳури Босфор, ки ду қитъаи оламро ба ҳам мепайвандад, 1560 метр дарозӣ, 33,5 метр бар ва 64 метр баландӣ (аз об) дорад ва ҳама гуна киштии азим аз таги он бемалол аз баҳри Сиёҳ ба баҳри Миёназамин ва баръакс метавонад ҳаракат намояд.
Хулоса, Истамбул шаҳри асрор аст, дар он ҳама чиз маънои дигаре дорад.

Тарҷума аз китоби « 50 знаменитых городов мира», ш. Харков, ФОЛИО, 2006


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 9587
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед