logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,         с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989; мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321; №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2; мод. 5; №3, мод. 153; №7, мод. 547; №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430; мод. 431; №7-8, мод. 610; №12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256; №7, мод. 685; мод. 693; №8, мод. 814; №12, қ. 1, мод. 1004;          с. 2013, №3, мод. 181; №7, мод. 508;  с. 2014, №3, мод. 143; мод. 144; №7, қ.1, мод. 389; мод. 390), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 5 моддаи 39 пас аз калимаҳои «ба истиснои парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи андоз» калимаҳои «ва қонунгузории зиддиинҳисорӣ» илова карда шаванд.
2. Дар диспозитсияи моддаи 542 калимаҳои «кирдорҳои ба қонунгузории зиддиинҳисорӣ таҷовузкунанда» ба калимаҳои «кирдорҳое, ки қонунгузории зиддиинҳисориро вайрон мекунанд» иваз карда шаванд.
3. Санксияи моддаи 543 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз панҷоҳ то ҳафтод, ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз сад то дусад ва ба шахсони  ҳуқуқӣ аз ду ҳазор то се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
4. Ба ном ва диспозитсияи моддаи 544 пас аз калимаи «давлатӣ» калимаҳои «, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» илова карда шаванд.
5. Дар моддаи 545:
- санксияи қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз шаст то яксаду бист ва ба шахсони  ҳуқуқӣ аз се ҳазор то панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷарима таъйин карда мешавад.»;
- санксияи қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз панҷоҳ то ҳафтод, ба шахсони мансабдор аз сад то яксаду панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз яксаду панҷоҳ то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз шаш ҳазор то ҳашт ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷарима таъйин карда мешавад.».
6. Дар моддаи 546:
- ба диспозитсияи модда пас аз калимаи «мол» калимаҳои «иҷрои кор» илова карда шаванд;
- санксияи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то ҳафтод, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз шаст то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
7. Дар моддаи 547:
- ба диспозитсияи модда пас аз калимаи «номуносиб» калимаҳои «, нодуруст, беодобона ва пинҳонӣ» илова карда шаванд;
- санксияи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд аз ҳафтод то яксаду бист ва ба шахсони  ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
8. Дар моддаи 548:
- ба ном ва диспозитсияи модда пас аз калимаи «мол» калимаҳои «,иҷрои кор» илова карда шаванд;
- санксияи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз ҳафтод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
9. Моддаҳои 549, 550 ва 551 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«Моддаи 549. Рекламаи молҳое, ки қонунгузорӣ манъ намудааст
1. Барои рекламаи спирти этилӣ ва машрубот, тамоку ва маҳсулоти тамоку, маҳсулоти аудио, видео ва маводи чопии хусусияти фаҳшдошта, ғизои кӯдакон ва шишачаҳои ширмакконӣ (шишачаҳои ширдӯшӣ), маккаку пистонак, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо, доруворие, ки дар дорухати (ресепти) духтур дода мешаванд, инчунин дигар намудҳои молҳое, ки рекламаи онро қонунгузорӣ манъ намудааст,-
ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ, ба шахсони мансабдор аз сад то яксаду панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз яксаду бист то яксаду ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳазор то се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда  мешавад.
2. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда, -
ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз панҷоҳ то сад, ба шахсони мансабдор аз яксаду панҷоҳ то дусад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз яксаду ҳаштод то дусаду панҷоҳ ва ба шахсони  ҳуқуқӣ аз се то панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда  мешавад.
Моддаи 550. Рекламаи маводи доруворӣ, техникаи тиббӣ, таҷҳизоти таъйиноти тиббӣ ва санитарию гигиенӣ, маҳсулоти табобатию профилактикӣ, иловагиҳои озуқавӣ ва воситаҳои косметикӣ (ороишӣ)
Барои рекламаи маводи доруворӣ, техникаи тиббӣ, таҷҳизоти тайъиноти тиббӣ ва санитарию гигиенӣ, маҳсулоти табобатию профилактикӣ, иловагиҳои озуқавӣ ва воситаҳои косметикӣ (ороишӣ), инчунин рекламаи усулҳои табобат, профилактика, ташхис, солимгардонӣ ҳангоми набудани иҷозатнома ё ҳуҷҷати иҷозатдиҳандаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳолати гирифтани патент барои ихтироот дар соҳаи мазкур,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд,  ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз шаст то ҳаштод ва ба шахсони  ҳуқуқӣ аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 551. Фурӯши мол, иҷрои кор ва хизматрасонии ба реклама номувофиқ
1. Барои фурӯши мол, иҷрои кор ва хизматрасоние, ки ба намудҳои дар реклама пешниҳодгардида ё нишондодашуда номувофиқанд, инчунин реклама ё пешниҳоди мол, кор ва хизматрасонӣ бе нияти амалӣ намудани онҳо, -
ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд,ба андозаи аз понздаҳ то сӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз чил то шаст ва ба шахсони  ҳуқуқӣ аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда,-
ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз чил то шаст, ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз ҳаштод то яксаду бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда  мешавад.».
10. Санксияи моддаи 5511 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд,ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то чил, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони  ҳуқуқӣ аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
11. Санксияи моддаи 5512  дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то чил, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз сӣ то панҷоҳ  ва ба шахсони  ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
12. Моддаи 552 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 552. Сӯиистифода кардани фурӯшанда аз қобилияти манфиати худро ҳифз карда натавонистани истеъмолкунанда
1. Барои сӯиистифода кардани фурӯшанда аз қобилияти манфиати худро ҳифз карда натавонистани истеъмолкунанда бо сабаби маъюбӣ, бесаводӣ ё надонистани забони зимни фурӯши мол татбиқшаванда, -
ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз панҷоҳ то ҳафтод  ва ба шахсони  ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда, -
ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз панҷоҳ то ҳафтод, ба шахсони мансабдор аз ҳаштод то сад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз сад то яксаду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда  мешавад.».
13. Дар моддаи 553:
- ба номи модда пас аз калимаи «маълумот» калимаҳои «ё пешниҳод намудани маълумоти носаҳеҳ» илова карда шаванд;
- санксияи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони  ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда  мешавад.».
14. Ба Кодекс моддаи 5531 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 5531. Пешниҳод накардани дархост ва аризаи дахлдор
1. Барои бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ пешниҳод накардани дархост дар бораи додани розигии пешакӣ барои таъсис ва азнавташкилкунии иттиҳодияҳои субъектҳои хоҷагидор, муттаҳидшавии шахси ҳуқуқӣ ё ҳамроҳ шудани шахси ҳуқуқӣ ба дигар шахси ҳуқуқӣ, таъсиси шахси ҳуқуқӣ ҳангоми пардохти сармояи оинномавии (шариконаи) он бо саҳмҳо (ҳиссаҳо) ё молу мулки дигар шахси ҳуқуқӣ, инчунин тақсимкунии (ҷудокунии) шахси ҳуқуқӣ, агар ин боиси ташкил шудани шахси ҳуқуқие гардад, ки дар бозори мол мавқеи ҳукмфарморо доро шавад,-
ба шахсони мансабдор аз ҳаштод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда  мешавад.
2. Барои бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод накардани дархост дар бораи мувофиқаи пешакии мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ оид ба аз тарафи шахс (гурӯҳи шахсон) харид кардани саҳмияи (ҳиссаи) дорои ҳуқуқи овоз дар сармояи оинномавии (шариконаи) субъекти хоҷагидор, ки дар натиҷа чунин шахс (гурӯҳи шахсон) ҳуқуқи ихтиёрдории бештар аз бист фоизи саҳмияҳои (ҳиссаҳои) харидгардидаро пайдо мекунад, аз тарафи як субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) соҳиб шудан ба воситаҳои асосии истеҳсолот ё дороиҳои ғайримоддии субъекти хоҷагидори дигар ё мавриди истифода қарор гирифтани онҳо, агар арзиши тавозунии (балансии) молу мулки ташкилдиҳандаи мавзӯи аҳд аз даҳ фоизи арзиши тавозунии (балансии) воситаҳои асосии истеҳсолот ва дороиҳои ғайримоддии субъекти хоҷагидори ҷудокунандаи молу мулки зиёд бошад, аз тарафи шахс (гурӯҳи шахсон) ба даст овардани ҳуқуқе, ки ба субъекти хоҷагидор имконият медиҳад, шароити амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории ҳамин шахсро (гурӯҳи шахсонро) муайян намояд ё вазифаи мақомоти идоракунии онро иҷро кунад, инчунин пешниҳод накардани аризаи дахлдор баъди ба итмом расидани иҷрои аҳдҳои мазкур, -
ба шахсони мансабдор аз сад то яксаду бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз яксаду бист то яксаду панҷоҳ ва ба шахсони  ҳуқуқӣ аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда  мешавад.
Эзоҳ:
1. Розигии пешакӣ барои иҷро намудани аҳдҳое, ки дар қисми 2 ҳамин модда нишон дода шудаанд, дар ҳолатҳое зарур мебошад, ки агар арзиши умумии тавозунии (балансии) дороиҳои шахсон  аз дусад ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд ё яке аз онҳо субъекти хоҷагидоре мебошад, ки ба феҳристи субъектҳои хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармо дохил карда шудааст ё харидор гурӯҳи шахсоне бошад, ки фаъолияти ҳамин субъекти хоҷагидорро назорат мекунад.
2. Аризаи дахлдор баъди ба итмом расидани иҷрои аҳдҳое, ки дар қисми 2 ҳамин модда оварда шудаанд, зарур мебошад, агар арзиши умумии тавозунии (балансии) дороиҳои шахсон аз сад ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад.».
15. Санксияи моддаи 554 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд аз чил то ҳафтод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
16.  Ба Кодекс моддаи 5541 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 5541. Ошкор кардани маълумоте, ки сирри тиҷоратии субъектҳои хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродиро ташкил медиҳад
Барои аз тарафи шахсони мансабдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ошкор кардани маълумоте, ки сирри тиҷоратии субъектҳои хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродиро ташкил медиҳад, ҳангоми набудани аломати ҷиноят ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон,-
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз шаст то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
17. Дар моддаи 555:
- санксияи қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз  бист то чил, ба шахсони мансабдор  аз панҷоҳ то шаст, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз шаст то ҳаштод  ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ду ҳазор то се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.»;
- санксияи қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз  сӣ то панҷоҳ, ба шахсони мансабдор  аз шаст то ҳаштод, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз ҳаштод то яксаду бист  ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ду ҳазору панҷсад то се ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
18. Санксияи моддаи 556 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз чил то шаст, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз ҳафтод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ду ҳазор то се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
19. Санксияи моддаи 557 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз  понздаҳ то бисту панҷ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз панҷоҳ то ҳафтод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 8 августи соли 2015, № 1220


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 25 феврали соли 2015, № 1804


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М.УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 21 июли соли 2015, № 80


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.08.2015    №: 162-163    Мутолиа карданд: 2027
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед