logo

маориф

26 аспирант хориҷ карда шуд

Нуриддин Саидов, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки 339 нафар донишҷӯ бо усули таҳсилоти кредитӣ санҷишу имтиҳонҳоро супурд ва дар маҷмӯъ натиҷагирии фаъолияти таълимии онҳо қаноатбахш мебошад.
Дар ин давра 3 шумораи маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» аз чоп баромад. Сектори хурди полиграфӣ бо матбааи байнидонишгоҳӣ муттаҳид ва матбааи замонавии донишгоҳ таъсис ёфт.
25 нафар устоду корманди донишгоҳ ба Русия, Қазоқистон, Туркманистон, Арманистон ва Эрон сафари хидматӣ дошт ва дар тадқиқотҳои муштараку симпозиуму конфронсҳо ширкат варзид ва баромад кард. Инчунин 3 нафар устоди донишгоҳ дар Русия  рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ ҳимоя намуд.
Дар донишгоҳ 275 нафар шаҳрванди хориҷӣ таҳсил дорад. Имсол муассисаи таълимиро 3100 нафар донишҷӯ аз рӯи 56 ихтисос хатм мекунад.
Вобаста ба пурсиши рӯзноманигорон ректор посух гуфт, ки аз рӯи нақша имсол барои қабул 2806 ҷой (1000 буҷетӣ ва 1806 шартномавӣ) ҷудо гардидааст ва он ҳатман риоя мешавад. Яъне камбудии соли гузашта, ки 811 нафар зиёд донишҷӯ қабул карданд, такрор намеёбад.
151 аспирант аз аттестатсия гузашт ва 26 нафар бинобар иҷро накардани нақшаҳои инфиродӣ аз аспирантура хориҷ шуд. Аз моҳи сентябри соли равон идрорпулии аспирантон ба 350 сомонӣ мерасад.

А. РАҲИМ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6124
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед