logo

маориф

ВОЛИДАЙН ОВОЗА МЕКУНАНДУ ИСБОТ НЕ. ЧАРО?

Ба оғози соли нави хониш рӯзҳои башумор боқӣ мондааст. Бо фаро расидани он нигаронии волидайн дар мавриди талаби маблағ аз хонандагон дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёд мегардад.
Дар ин маврид чанд рӯз қабл Шуҳрат Мақсудов, муовини раиси шаҳри Душанбе зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки набояд аз хонандагони макотиби миёна пул талаб кард, зеро ин ғайриқонунӣ аст.
- Ҳарчанд то кунун овозаҳо дар бораи ситонидани маблағ аз мактаббачагон вуҷуд дорад, аммо дар ин бора далели асоснок мавҷуд нест,- гуфт ӯ.
Ҳамидулоҳ Фақиров, сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе мегӯяд, ки нисбат ба ин масъала мо чораҷӯйи карда истодаем.
- Ман намефаҳмам, ки чӣ гуна ғайриқонунӣ пул меситонидаанд? Вақте ки мо тафтишот мегузаронем, волидайн ин овозаҳоро рад мекунанд. Иқрор намешаванд, ки кадом муаллим кай пул талаб кардааст. Ман аз рӯзноманигорон даъват ба амал меоварам, ки барои пешгирии ин зуҳурот ҳамкорӣ намоянд ва дар ҳолати мушоҳидаи чунин ҳолатҳо ба мо хабар диҳанд, - мегӯяд Ҳамидуллоҳ Фақиров.
 Модароне, ки барои қабули фарзандонашон ба мактаб маблағ пардохт кардаанд, ба мо нишонаи мактабро ифшо намекунанд. Мавҷуда Соҳибова, сокини шаҳри Душанбе, ки бо мо суҳбат дошт, гуфт дар мактаб барои фарзанди синфи якумаш 20 сомонӣ ва дар бунгоҳи тиббӣ барои аз ташхис гузаштан 35 сомонӣ пардохт кардааст. Аммо ба ивази 55 сомоние, ки харҷ кардааст ба ӯ расид надодаанд. Ин ҳамсуҳбати мо низ бо далели он, ки дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ барои он, ки фарзандаш дучори мушкил нагардад, аз ифшои нишонаи мактаб худдорӣ кард.
Барои ба ин масъала рӯшанӣ андохтан ба мактаби таҳсилоти миёнаи умуми №1 рафтем. Он дар маркази пойтахт яке аз муассисаҳои таълимии муваффақ муаррифӣ шудааст. Мактаби мазкур дар асоси «Барномаи омода намудани кӯдакони синни 6 сола ба таҳсил», ки аз тарафи Вазорати маориф ва илм тасдиқ шудааст, аз 1-уми августи соли ҷорӣ 270 хонандаи синфи якумро ба таълим фаро гирифтааст. Шавкат Ҳусейнзода, директори мактаби мазкур дар суҳбат ба «Ҷумҳурият» гуфт, ки хонандагони синфи 1 - ум дар ду гуруҳ – русӣ ва тоҷикӣ қабул шудаанду ягон дирам маблағ аз волидайн ҷамъоварӣ нашудааст.
Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 76, ноҳияи Фирдавсии пойтахт, ҳоло 75 хонанда ба синфи 1 -ум қабул шудааст. Шаҳригул Ширинҷонова, директори мактаби мазкур мегӯяд, ки то 1-уми сентябр эҳтимол зиёда аз 100 хонандаи дигар ба синфи «1» фаро гирифта шаванд.
Бо қарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, оилаҳое ки дар қайди пойтахт нестанд, фарзандони онҳо дар маҳалли зисташон бояд ба мактаб фаро гирифта шаванд. Вақте мо ҳамин талаботро ба волидайн мефаҳмонем, онҳо гумон мекунанд, ки агар маблағ пардохт кунанд мо фарзандони онҳоро ба мактаб қабул менамоем.
Бо мақсади ҳамаҷониба пайгирӣ кардани ин масъала ба гимназияи таълимии №74 ноҳияи Фирдавсии пойтахт, ки наз-дик ба 4 ҳазор хонанда дорад ва яке аз муассисаҳои таълимии бонуфуз аст, омадем. Волидайни зиёд дар интизори қабули директори гимназия буданд. Аз суҳбат бо онҳо маълум гардид, ки хонандагони синфи якум ба ин гимназия бо иҷозати Вазорати маориф ва илм, раёсати идораи маорифи шаҳри Душанбе ва маорифи ноҳия роҳхат мегиранд. Аммо ин иҷозат барои роҳ ёфтан ба озмун аст, на қабули бевосита ба синфи 1 - ум.
Зулфиниссо Иномова, директори муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ гимназияи № 74 ба «Ҷумҳурият» гуфт, ки озмун барои қабул ба синфи якум аз тарафи Раёсати маорифи пойтахт гузаронда мешавад. Барои гузаронидани озмун комиссия таъсис дода мешавад.
Соли гузашта мо 220 нафарро номнавис кардем, аз озмун 172 нафар гузашт. То ба имрӯз 330 нафар номнавис шудааст, тақрибан барои қабули 160 нафар имконият дорем. Озмун шафоф, дар назди волидайн доир мешавад. Кӯдаконе, ки ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шуда буданд, ҳатман аз озмун мегузаранд. Шояд фарзандони бархе аз волидайн аз чунин озмунҳо меафтанд, баъд овоза мекунанд, ки мактаб маблағ мепурсад. Ё худашон «ташаббус» нишон дода, туҳфа доданӣ мешаванд. Агар омӯзгор нагирад ҳам, мегӯяд, ки гирифт. Агар гирифт, пас гӯянд ки кадом омӯзгор ва чӣ қадар пул гирифт, - зикр кард Зулфиниссо Иномова.
Замира Сарабекова, сокини ноҳияи Фирдавсӣ мегӯяд, ки барои фарзандаш, ки соли ҷорӣ ба синфи «1» меравад аз беморхонаи № 13 ноҳия санади тиббии намунаи 0, 86 - ро бо маблағи 35 сомонӣ дастрас кардааст. Аммо дар беморхонаи мазкур гирифтани чунин маблағро аз волидайн рад карданд.
Агар ҷомеа ва волидайн воқеан мехоҳанд, ки «маблағситонӣ»-ро аз байн бубаранд, бояд возеҳ талош намоянд. Дар ҳоле, ки волидайн аз пардохти маблағи муайян суҳбат мекунанд, директорони мактаб изҳори бехабарӣ менамоянд, пас шояд омӯзгороне ҳастанд, ки ин маблағро бо таври пинҳонӣ аз волидайн мегиранд, аммо латма рӯйи маориф ва мактаб меафтад.
Моҳи марти солӣ ҷорӣ вохӯрии раиси шаҳри Душанбе бо намояндагони ташкилоту идораҳои мухталифи ноҳияи Фирдавсӣ доир гардид. Дар рафти вохӯрӣ яке аз волидайн иброз дошт, ки дар мактаб аз ӯ маблағ гирифтанд. Раиси шаҳр фавран ба прокуратураи ноҳия супориш дод, то он мактаб мавриди тафтиш қарор дода шавад. Оид ба натиҷаи ин тафтишот дар идораи маорифи ноҳия ба мо гуфтанд, ки парванда кушода шуд, аммо нафари шикояткардаро то ба ҳол прокурору масъулони мактаб меҷӯянду намеёбанд.
Дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Душанбе мегӯянд, ки маблағи фонди мактаб ҳар моҳ аз волидайн ба миқдори 20 сомонӣ ҷамъоварӣ мешавад ва он дар асоси қарори ассотсиатсияи волидайн сурат мегирад. Ин маблағ барои хароҷоти мактаб сарф мешавад.
Соли гузашта тибқи иттилооти ғайрирасмӣ бархе аз кормандони муассисаҳои мактабҳои таҳсилоти миёнаи пойтахт барои қабул ба синфи «1» аз хонандагон то1000 сомонӣ маблағ ситонидаанд. Аксари омӯзгорони ботаҷриба мегӯянд, ки волидайн муаллимонро бо маблағ ҳавасманд мекунанд. Вале волидайн мегӯянд, ки омӯзгорон онҳоро барои пул овардан маҷбур мекунанд. Пӯшида нест, ки рӯзи таваллуди омӯзгор ва рӯзҳои ид баҳонае мешаванд то омӯзгорон аз шогирдон маблағ ё туҳфа талаб кунанд. Ин зуҳуроти номатлуб коллеҷҳои касбиро ҳам сироят кардааст. Волидайне, ки ба омӯзгорон туҳфа пешниҳод мекунанду ин амалро ба дигар волидайн талақинӣ менамоянд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Зеро туҳфа додан ба омӯзгор маънои пора додан аст ва на ҳама оилаҳо имкони «туҳфа» доданро доранд.
Ҳарчанд, ки ин зуҳурот дар ҷомеаи мо реша давондааст ва он ба ташаккули насли солим таъсири манфӣ мерасонад, волидон, мутаассифона, дар баррассӣ ва ҳаллу фасли он ширкат варзидан намехоҳанд. Чун онҳо худ мусоидат мекунанд, ки фарзандонашон дар муҳити ришва додану ришвадиҳӣ ба камол расанд, пас ояндаи эшонро чӣ интизор аст? Агар мавқеи волидон чунин аст, пас ин зуҳуротро метавон аз байн бурд?
 
Ҳарамгули ҚОДИР,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.08.2015    №: 172    Мутолиа карданд: 1648
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед