logo

сафарҳо

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон дар мулоқоти навбатии сарони давлатҳои таъсисдиҳандаи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал иштирок намуд.
Барои иштирок дар ин мулоқот сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистону Ӯзбекистон ҷамъ омаданд.

Қабл аз оғози ҷаласаи якҷоя Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ва Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ бо Қурмонбек Боқиев масоили ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамсоягии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуданд.
Таваҷҷӯҳи махсус ба фаъолияти ҳамоҳангу якҷояи ду кишвар дар ҳаллу фасли масоили минтақавии вобаста ба истифодаи захираҳои обӣ ва ҳамкориҳои нақлиётию коммуникатсионӣ зоҳир гардид.
Зикр шуд, ки сохтмони роҳи байналмилалии мошингарди Душанбе - Рашт - сарҳади Қирғизистон ва пайвастани он бо Қазоқистону Чин аз як ҷониб ва бо Афғонистон аз ҷониби дигар ба манфиати ҳар ду кишвар буда, ҳамчунин ба рушди ҳамкориҳои минтақавӣ мусоидати фаъол мекунад.
Сарони ду давлат ҳамчунин ба бунёди роҳи оҳан дар ҳамин масир изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Дар вохӯрӣ бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфтугӯи судманд атрофи кулли масоили вобаста ба муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон сурат гирифт.
Сарони ҳар ду давлат омодагӣ ва ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариши ҳамкориҳо, аз ҷумла дар самти додугирифти нерӯи барқ, маҳсулоти нафтӣ ва алюминийи аввалия таъкид намуданд.
Мубодилаи афкор ҳамчунин оид ба истифодаи босамари захираҳои обии минтақа ва чораандешӣ баҳри сабук намудани мушкилоти ҳавзаи баҳри Арал сурат гирифт.
Мулоқоти сарони давлатҳои таъсисдиҳандаи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал ба масоили вобаста ба фаъолияти хазина, таъсиси ҳайати нави мақомоти оинномавии он, ҷоннок намудани ҳамкорӣ бо созмонҳо ва кишварҳои мададрасон ва, албатта, ба масъалаҳои марбут ба истифодаи босамари захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ бахшида шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон зимни суханронии худ нахуст оид ба фаъолияти Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал дар солҳои раёсати Тоҷикистон дар он иттилоъ дода, ба мушкилоти вобаста ба хушкшавии баҳри Арал ҷалб намудани таваҷҷӯҳи аҳли башарро аз натиҷаҳои асосии кор дар ин давра маънидод кард.
Дар суханронии Сардори давлати Тоҷикистон таваҷҷӯҳи асосӣ ба истифодаи босамари захираҳои обӣ ва кам кардани талафоти он дар соҳаи кишоварзӣ зоҳир гардид.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон маҳз истифодаи аз ҳад зиёди об дар обёрии заминҳои корами кишварҳои поёноб ба хушкшавии баҳри Арал сабаб шуд.
Дар суханронии сарони дигар давлатҳо низ ба фаъолияти 16-солаи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал, ки шаш солаш таҳти раёсати Тоҷикистон гузаштааст, баҳои баланд дода шуд. Ба мақоми нозир дар Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани хазина низ натиҷаи фаъолияти пурсамари он дар арсаи минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ гардид.
Миёни сарони давлатҳо ҳамчунин оид ба истифодаи захираҳои обию энергетикии минтақа ва зарурати аз ташхиси  байналмилалӣ гузарондани лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ баҳсу мунозира сурат гирифт.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид изҳор дошт, ки пас ҳамаи обанборҳои бузурги кишварҳои поёноб низ, ки ҳаҷми оби баъзеашон аз баҳри Арал кам нест, бояд аз чунин ташхиси босалоҳияти байналмилалӣ гузаранд.
Аз рӯйи натиҷаи ин мулоқот Изҳороти муштараки сарони давлатҳои муассиси Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал интишор гашт.
Бо қаноатмандӣ бояд таъкид намуд, ки аз соли 2002  ин ҷониб ин мулоқоти якуми расмии сарони давлатҳои муассиси Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал аст ва баъди 7 соли баҳсу мунозираҳои зиёд дар сатҳу зинаҳои гуногун ба сатҳи сарони давлатҳо баромадани масоили баҳсталаби обӣ дар минтақаро метавон оғози муколамаи умедбахш маънидод кард.
Хотиррасон бояд намуд, ки Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал соли 1993 аз ҷониби давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистону Ӯзбекистон таъсис ёфта буд.
Шоми 28 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  баъди анҷоми мулоқоти сарони давлатҳои муассиси Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал аз шаҳри Алмаато ба Ватан баргашт. Сардори давлатро дар майдони ҳавоии Душанбе Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ  Сайдулло Хайруллоев, Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Амиршо Миралиев ва шахсони дигари расмӣ пешвоз гирифтанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3135
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед